Тезҳушии Ёсуман мардуми Русияро шигифтзада кард

© Фото : Стоп кадр с программы на телеканале Россия-1Ёсуман Исмонзода на шоу талантов "Удивительные люди".
Ёсуман Исмонзода на шоу талантов Удивительные люди. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тезҳушии Ёсуман Исмонзода мардуми Русияро шигифтзада карду, ширкаткунандагони барномаи "Удивительные люди" аз ҷо бархоста духтари тоҷикро истиқбол гирифтанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Донишомӯзи тоҷик Ёсуман Исмонзода дар барномаи шабакаи телевизюнии "Россия 1" "Удивительные люди" ширкат кард.

Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқуллодаи зеҳнии худ доварони барномаро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро зарбу тақсим кунад.

© Фото : Россия-1Ёсуман Исмонзода на шоу талантов "Удивительные люди".
Ёсуман Исмонзода на шоу талантов Удивительные люди. - Sputnik Тоҷикистон
Ёсуман Исмонзода на шоу талантов "Удивительные люди".

Ёсуман чун духтарони Тоҷикистон бо мӯйҳои бофтаи дароз ба саҳна баромаду доваронро на бо зебоии зоҳирӣ, балкӣ бо тавонмандии зеҳнии худ дар ҳайрат гузошт.

"Ман аз 12-солагӣ дар Омӯзишкадаи риёзии зеҳнии Душанбе таҳсил мекунам", — гуфт ӯ.

Ёсуман ба осонӣ аз уҳдаи ҳама вазифаҳое баромад, ки муҷрии барнома Александр Гуревич мегузошт.

Ба ифтихори Ёсуман ширкаткунандагони барнома аз ҷо бархоста ӯро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифтанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чане пеш дар барномаи "Удивительные люди" хонандаи синфи 9-ум аз Душанбе Манижа Тошболтаева ширкат карда, бо чашм суръати мошинҳоро муайян кард, ки барои ин қобилияташ доварон ӯро "духтар-радар" унвон карданд.

Лентаи хабарҳо
0