20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Авторский вечер композитора Толибхон Шахиди

Марде, ки пеши ҳунараш ҳазорон кас сар фуруд овардааст: шоми ҳунарии Толибхон Шаҳидӣ дар Маскав

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
38880

Толор пур аз ҳаводорону шогирдон буд. Пас аз иҷрои ҳар як оҳанг садои кафкӯбиҳои дуру дарози тамошобинон толорро меларзонд. Навозандагон бо эҳтиром сар фуруд оварда сӯи Толибхон Шаҳидӣ ишора мекарданд. Тоҷиконе, ки дар толор нишаста буданд, аз ифтихор курта-курта гӯшт мегирифтанд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Дирӯз, 1-уми ноябр дар Консерваторияи Чайковский дар шаҳри Москва Шоми ҳунариву фарҳангии оҳангсози номдори тоҷик Толибхон Шаҳидӣ баргузор шуд. Дар ин шом барои шунидани мусиқии  Шаҳидӣ ҳаводорони ҳунари ӯ, шогирдону пайвондон ва рӯзноманигорон ҷамъ омада буданд.

Толори хурди консерватория пур аз тамошобин буд ва ҳама интизори созу навои ҳунармандону пазмони мусиқии Толибхон Шаҳидӣ буданд.

Барнома бояд соати 19:00 оғоз меёфт ва пеш аз он мухлисон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ Шаҳидиро ба саҳна фаро хонданд.

Толибхон Шаҳидӣ ҳам ба назди баландгӯ омад. Бовиқор ва ором ҳамаро хушомадед гуфту нахуст суханони устодаш — оҳангсози маъруфи ҷаҳонӣ Арам Хачатурянро ба ёд овард.

"Устоди арҷмандам Арам Хачатурян мегуфт, Толибхон вақтро ғанимат дон! Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки бештари вақти худро дар консерватория бигзаронам, то оҳангҳои худро пешкаши ҳаводорон кунам ва мусиқии дигаронро гӯш кунам", — гуфт вай.

Сипас Шаҳидӣ хотироташро варақгардон карду аз Малика Собирова ва тамрини 14-умин симфония ёдовар шуд, ки ба қавли худаш, то ҷовидон дар ёдаш нақш бастааст.

"Симфонии 14-ум аз аввалин хотираҳои рангини ман аст, ки барои тамоми ҳаётам дар хотирам мондааст. Хуб дар ёдам ҳаст, ки симфонияро дар ҳамин ҷо — толори хурд  ва сипас дар толори калони Консерватория тамрин мекардем. Малика Собирова ҳам омада буд симфонияи 14-умро гӯш кунад. Он замон ману он раққосаи беҳамтои тоҷик шоҳиди тавлиди як офаридаи ҳунарие шудем, ки замоне Умар Хайём дар борааш гуфта буд", — ёдоварӣ кард вай.

Шаҳидӣ дар поён гуфт, "ман аз ин, ки боз имкон ёфтаам офаридаҳоямро ба шунавандагон пешкаш кунам, бисёр ҳаяҷонзада ҳастам".

Сипас Шаҳидӣ бахшҳои шоми ҳунарӣ ва ҳунармандонро якояк муаррифӣ кард.

 

"Бархе аз ин барномаҳо имрӯз бори аввал иҷро мешаванд ва бархе аз онҳо такроран",- гуфт вай.

Ба ин гуна шоми ҳунарии Толибхон Шаҳидӣ дар ду бахш — бахши аввал бо 5 иҷро ва бахши дувум бо панҷ иҷро дар фортепиано, сопрано, флейта, кларнет ва скрипка иҷро шуд.

Дар ин барнома навозандаҳои номдори Русия — Наталия Соколовская, Олга Грибовская, Екатерина Бездолная, Сергей Журавел, Екатерина Мечетина, Вазген Вартанян низ ширкат карданд.

Авторский вечер композитора Толибхон Шахиди
© Sputnik
Авторский вечер композитора Толибхон Шахиди

Ҳунармандон яке пас аз дигаре оҳангҳои офаридаи Шаҳидиро бо маҳорати баланд ва мақоми хос иҷро мекарданд ва пас аз он Шаҳидӣ аз ҳар кадомашон барои ҳунарнамоиашон ҷудогона сипосгузорӣ мекард. Тамошобинон ҳам ҳар як ҳунармандро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол ва гусел мекарданду гулу гулдастаҳо тақдим мекарданд.

Ҳамсари Толибхон Шаҳидӣ — Гулсифат Шаҳидӣ мегӯяд, барои ин шоми ҳунарӣ Шаҳидӣл омодагии ҷиддӣ медид ва доим дар сари кор буд.

"Ҳунарманди асил бояд ҳамеша маҳсули корашро ба мухлисонаш пешниҳод кунад. Ман дар 44 соли ҳамсарӣ бо Толибхон ҳамеша вайро саргарми кору эҷод дидаам", — мегӯяд Гулсифат Шаҳидӣ.

Авторский вечер композитора Толибхон Шахиди
© Sputnik
Авторский вечер композитора Толибхон Шахиди

Хуршеда Даврондухт, яке аз фарҳангиёни тоҷик дар Русия, низ меҳмони ин шоми ҳунарӣ буд. Вай мегӯяд, ҳамеша оҳангҳои Шаҳидиро гӯш мекунад ва ифтихор дорад, ки чунин мардони тоҷикро ҷаҳониён мешиносанду пеши ҳунарш ҳазорон кас сар фурӯд овардаанд.

"Ман солҳо боз офаридаҳои Шаҳидиро гӯш мекунам ва ӯро оҳангсози бомаҳорат аст, зеро дар оҳангҳояш гузаштаву имрӯзи худро мешунавам. Шаҳидӣ касест, ки фарҳанг ва мусиқии ҷаҳониро бо фарҳангу мусиқии тоҷикӣ пайванд мезанад", — гуфт вай.

Толибхон Шаҳидӣ пас аз анҷоми барнома дар суҳбати сарироҳие бо Sputnik Тоҷикистон аз нақшаҳои ояндаи худ гуфт. Вай мегӯяд, дар назар дорад тобистон ба Тоҷикистон сафар кунад ва барномаи ҳунарӣ иҷро кунад. Ба гуфтаи вай, бо аҳли мусиқӣ дар Тоҷикистон мустақиман иртибот дорад ва фикр мекунад, ки дар Тоҷикистон низ заминаҳои густариши мусиқии клосик ҳарчанд кам вале вуҷуд дорад.

Барчаспҳо:
шоми ҳунарӣ, мусиқинавозӣ, эҷодиёт, Толибхон Шаҳидӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ