20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия

"Jubilee mubarak": консерти бесобиқаи овозхонони тоҷику ҳиндӣ дар Маскав

Sputnik / Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
1685130

Гурӯҳи "Шамс" бо сурудҳои ором, Салиму Сулаймон бо оҳангу сурудҳои ҳиндӣ ва овозхонони роҷистонӣ бо ғазалсароӣ панҷ соат ба муносибати 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дирӯз, 12 ноябр дар толори консертии "Россия" дар шаҳри Маскав консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV", бо ташаббуси созмони ҷамъиятии "Нур" бо ширкати 35 овозхон аз Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.

Аз дари даромадгоҳ духтарони хушқаду қомати зебо бо мӯйҳои чун шаб сиёҳ ва тоқиҳои сурхи гулгун меҳмононро пешвоз мегирифтанду бо лабханду кордонӣ онҳоро ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ роҳнамоӣ ва ҷобаҷо мекарданд.

Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Тамошобинон гурӯҳ-гурӯҳ ба толор ворид мешуданду нахуст ба якдигар ва сипас ба гирду атроф ва саҳна назар мекарданд. Қарор буд, ки консерт соати 17:00 оғоз шавад. Вале дар вақти муқарраршуда, толор ҳанӯз аз тамошобинон пур набуд. Онҳое, ки вориди толор шудаву ҷойҳояшонро ишғол карда буданд, барои оғози консерт шитоб надоштанд. Чун дар Маскав агар аз як сӯ консерт тамошову тафреҳ бошад, аз дигар сӯ фурсате барои тоза кардани дидор бо дӯстону пайвандон аст.

Консерт ҳам оғоз шуду муҷрии барнома Аслишо Акимбеков нахуст меҳмононро хушомадед гуфту "Ҷашни алмосӣ"-ро барояшон табрик гуфт ва гурӯҳи "Шамс" ба раҳбарии овозхони номдор Нобовар Чиноровро ба саҳна фаро хонд.

Нобоварро тамошобинон чун ҳамеша бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" имрӯз на барои "покӯбиву дастафшонии" тамошобинон ҳунарнамоӣ кард, балки ба хотири навозиши руҳу ҷони онҳо сурудҳое дар ситоиши Худову расул ва имомон иҷро кард. Ӯ аз ашъори Саъдиву Ҳофиз ва Саноиву Мавлавӣ шеърҳоеро хонд ва таронаҳои тозаашро пешкаши тамошобинон кард.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

"Мавзуъи ҳунарнамоии имрӯзи мо бештар ҷаҳони ботин аст. Бо гузашти замону сол мо худ ҳам ба сурудҳои ором бештар шавқ дорем. Бегумон, ҷои суруду рақс дигар аст ва дар дигар барномаҳо мо боз бештар ба сурудҳои шӯх бармегардем, вале имшабро кӯшиш кардаем бо суруду оҳанг фарҳанги мусиқоии ҳаммеҳанонамонро рушд диҳем", — гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Яке аз таронаҳои нави Нобовар — "Наринесум" (Фаромӯш намекунам), ки шеърашро Ато Мирхоҷа ба забони шуғнӣ навишта ва оҳангашро раҳбари гурӯҳи "Само" Шанбе Мамадаминов сохтааст, тамошобинонро бисёр хуш омад.

Вале барои мардуми тоҷик консерт бе таронаҳои шӯху шӯрангез консерт нест. Онҳо бояд дар ҳар консерте ҳам даст биҷунбонанду ҳам по бикӯбанд. Бегумон, ки ин дастафшониву покӯбӣ бад нест ва гувоҳ бар зиндагидӯстиву мусиқипарварии мардум аст, вале ҳар коре ҷои худро дорад.

Нобовар ҳам набзи тамошобинонро эҳсос карду ба хотири онҳо таронаи "Духтари тоҷик"-ро суруд. Дар як чашм ба ҳам задан бисёре аз тамошобинон аз ҷойҳояшон бархостанду ба рақс даромаданд. Чунин менамуд, ки инҷо на консерт, балки як ҷашни бузурги хонаводагӣ бошад.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Фикр мекунам, баргузоркунандагони консертҳо ҳам дигар хуб медонанд, ки мардуми тоҷик "раққос" аст, аз ин рӯ, роҳравҳои миёни радаҳои сандалиҳоро ин бор дар толори консертии "Русия" фарохтар карда буданд.

Замоне, ки гурӯҳи "Шамс" толорро бо ҳунарнамоияш гарм мекард, дар пушти саҳна гурӯҳе аз кӯдакони дӯстрӯяку зебо навбати ҳунарнамоии худро интизор буданд. Онҳо пӯшоки миллӣ бар тан доштанд, ки аз матои сафеду сурх дӯхта шуда ва тоқиҳои сурх бар сар бисёр зебо менамуданд. Мӯйҳои духтаракон бисёр зебо бофта шуда буду писаракон бо калтачаҳои сурх саҳнаро оро медоданд. Ҳунармандони ҳиндӣ ҳам дар интизори ҳунарнамоияшон дар пушти саҳна буданду аз дидани кӯдакон ба ҳайрат уфтода ҳар яке дар ҷустуҷӯи телефонашон мешуд то аз онҳо акс бардорад.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Раҳбари гурӯҳи кӯдакон таваҷҷуҳи меҳмонони ҳиндиро диду ишорае ба кӯдакон кард ва онҳо "Салом алайкум" гуфта ҳунармандони ҳиндиро меҳмоннавозӣ карданд.

Навбати кӯдакон фаро расиду онҳо бо ҳаяҷони ба худ хосс рӯи саҳна баромада мардумро бо ҳусни кӯдакона ва ҳунарнамоии ҷолиб шефта карданд. Ин кӯдакон дар бораи ҳар як аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шеъре хонданду кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо, сангҳои гаронбаҳо ва мардуми меҳмоннавозашро ситоиш карданд.

Пас аз чанде Аслишо ба саҳна баромаду танаффус эълом карда мардумро ба чойнӯшӣ даъват кард. Бархе ба дунболи шириниҳои русӣ ва чойнӯшии тоҷикӣ рафтанду бархе ба ҷустуҷӯи ёру пайвандон пардохтанд.

Пас аз 30 дақиқаи танаффус ба саҳна бародарон Салмону Сулаймон баромаданду бо оҳанги ҳиндӣ мардумро "ба Ҳиндустон бурданд". Вале таронаҳои бародарон ҳам сирф руҳонӣ буданд. Мардум ҳунармандони ҳиндиро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд.

Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Агар солҳо пеш тамошобинон муҳаббати худро ба овозхони дӯстдошта танҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва тақдими гул изҳор мекарданд, имрӯз нишонаи аслии муҳаббати тамошобинон ба ҳунарпешаҳо навор гирифтану пахши зинда дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ё рӯшан кардани чароғи телефон аст.

Салим ва Сулаймон дар рафти ҳунарнамоӣ пеш аз оғози ҳар суруде муҳтавои онро ба тамошобинон мегуфтанду боре ҳам аз тамошобинон хостанд, ки чароғҳои телефонашонро рӯшан кунанду чанд вожа аз таронаро ҳамроҳашон ҳамхонӣ кунанд.

Тамошобинон худро гӯё дар филмҳои ҳиндӣ эҳсос мекарданд, ки "Ишқ, Вала, Лав"-гӯён бо Салиму Сулаймон ҳамхонӣ мекарданд.

Ҳунарнамоии овозхонҳои ҳиндӣ бо нурпардозии вижа ҳамроҳ буд, ки консертро ба шоу-барнома бадал кард.

Салиму Сулаймон бештар таронаҳои динӣ хонданд. Чанде ҳам аз ҳамгурӯҳонашон дар рафти овозхонӣ ба онҳо ҳамовоз мешуданду яке аз паси дигаре толорро гарм мекард. Дар миёни овозхонони гурӯҳи ҳиндӣ як хонуми сарояда ҳам буд, ки бо овози нарму борик бар он ҳунарнамоӣ зеб меафзуд.

Ёде аз Шоҳрух

Салиму Сулаймон медонанд, ки мардуми тоҷик филмҳои ҳиндиро бисёр дӯст медораду таронаҳои Шоҳруххонро аз бар медонад.

"Мо дар муддати чанд замоне пай бурдем, ки мардуми Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, филмҳои ҳиндиро дӯст медоранду сурудҳои Шоҳруххонро аз бар медонанд. Мо аз ин рухдод беҳад шод ҳастем, ин барои мо ифтихор аст", — гуфт Сулаймон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикситон.

Набзи толорро эҳсос карда Салиму Сулаймон мардумро имтиҳон карданд. Онҳо аз тамошобинон пурсиданд, ки "оё сурудҳои Шоҳрухро медонанд?" ва толор гуфт "бале!" ва овозхонони ҳиндӣ ба имтиҳони толор пардохтанд. Онҳо аз якчанд таронаи машҳури Шоҳруххонро ду мисраъӣ суруданду толор ба ҷӯш омад.

Овозхонон аз ҳамовозии толор ҷони тоза гирифтанду навбатро ба ғазалсароии овозхонони Роҷистон доданд. Ин овозхонон, бо пӯшоки рангини миллии худ ва салла бар сар бо сабки хосса ғазалҳои Мавлавӣ дар ситоиши Худову расулу имомонро нахуст ба забони форсӣ ва сипас ба забони ҳиндӣ суруданд.

Дар панҷ соате, ки консерт идома ёфт, дар толори "Россия" ба муносибати "Ҷашни алмосӣ" шеъру таронаҳои пандиву андарзӣ ва оромкунандаи руҳу ҷон суруда шуданд.

Дар поён гурӯҳи овозхонони ҳиндӣ ҳамроҳ бо Нобовар Чиноров таронаи "Jubilee mubarak"-ро, ки махсусан ба муносибати "Соли Ҷашни алмосӣ", яъне 60-умин солгарди имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, эҷод шудааст, суруданд ва ин ҷашнро ба мардум табрик гуфта консертро ҳусни хотима бахшиданд.

Мавзӯъҳои асосӣ