20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Аминҷон Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ

Донишҷӯи тоҷик аз шаҳрдори Петербург Сипоснома гирифт

© Sputnik
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
380 0 0

Аминҷон Абдураҳимовро ба вохӯрӣ бо шаҳрдори Санкт-Петербург даъват карда, ба ӯ Сипосномаи раиси шаҳрро супориданд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Роҳбари "Созмони ҷавонони тоҷик дар Санкт-Петербург" Аминҷон Абдураҳимов аз шаҳрдори Петербург барои ширкати фаъолона дар Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён дар Сочӣ Сипоснома гирифтааст.

"Пас аз бозгашт аз ҷашнвора маро ба вохӯрӣ бо шаҳрдори Петербург даъват карда, ба ман барои ширкати фаъолонаам дар ҷашнвора Сипоснома доданд",- қайд мекунад вай.

Аминҷон Абдураҳимов донишҷӯи курси панҷуми Донишгоҳи давлатии телекоммуникатсия ба номи профессор Бонч-Бруевичи шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Ҳоло ӯ "Созмони ҷавонони тоҷик дар Санкт-Петербург"-ро роҳбарӣ мекунад.

Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён аз 14  то 24 октябр дар Сочи баргузор шуд. Беш аз 20 ҳазор ҷавонон аз тамоми манотиқи ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон барои ширкат дар барномаҳо, мастер классҳо, баҳсҳо ва намоишҳои фарҳангӣ ба Русия омада буданд.

Барчаспҳо:
Сипоснома, ҷашнвора, Аминҷон Абдураҳимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ