01:59 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия

Нобовар Чиноров: дар ситоиши Худо расонотарин забон форсии тоҷикӣ аст

Sputnik / Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
84860

Нобовар Чиноров овозхони гурӯҳи ҳунарии "Шамс" ҳадаф дорад аз ин пас бештар фарҳанги мусиқоии мардумро баланд кунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя- Sputnik, Нилуфар Некқадам. Овозхони номдор Нобовар Чиноров бо гурӯҳи ҳунарии "Шамс" дар Маскав бо сурудҳои нав дар консерти бузург — "Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" ҳунарнамоӣ кард.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи ин консерт бо вай суҳбати сарироҳие кард.

Тамошобинон чун ҳамеша гурӯҳи "Шамс"-ро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуда буд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд. Бунёдгузорони аслии ин гурӯҳ сароянда, оҳангсоз ва ҳунармандони номӣ Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков ҳастанд. Дар ин гурӯҳ ҳунармандоне ҷамъ омадаанд, ки ҳисси мусиқоӣ, андеша ва ҳадафашон ҳамсон буд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия
Sputnik / Стас Этвеш
Концерт, посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"

Мо аз Нобовар Чиноров рози муваффақияти гурӯҳи "Шамс"-ро ҷӯё шудем.

"Мо ҳаводоронамонро бисёр дӯст медорем. Ҳар сурудеро, ки эҷод мекунем аз дили мардум бар хоста аст. Ҳар суруди мо дар заминаи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ эҷод мешавад, хоҳ мо рок бисароем ва хоҳ поп. Бо ин роҳ тавонистаем дар дили мардум ҷо шавем. Ба даст овардани дилҳо ҳунар аст", — гуфт Нобовар Чиноров.

Аммо дар ин консерт гурӯҳи "Шамс" таронаҳои шӯху шӯрангезро камтар суруду бештар дар ситоиши Худову расул ва оромиши руҳу равон шеър хонд. Нобовар Чиноров худ ин сабки навро "тақозои замону макону синну соли худи гурӯҳи "Шамс" хонд.

"Мавзуъи ҳунарнамоии имрӯзи мо бештар ҷаҳони ботин аст. Бо гузашти замону сол гурӯҳи "Шамс" худ ҳам акнун барои таронаҳои ором мувофиқ аст. Бегумон, ҷои суруду рақс дигар аст ва дар дигар барномаҳо мо боз бештар ба сурудҳои шӯх бармегардем, вале имшабро кӯшиш кардаем бо суруду оҳанг фарҳанги мусиқоии ҳаммеҳанонамонро рушд диҳем", — гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бегумон Нобовар бо рақсидану пойкӯбӣ дар консерт мухолиф нест, вале мегӯяд, ки ҳар ҳаракат ҷову макони худро дорад.

"Рақси мо бисёр зебо аст, чӣ рақси занона ва чӣ мардона. Мо шод мешавем, вақте мардум дар ҳавои таронаҳои мо рақс мекунанд, вале он бояд зебо бошад, бояд тоҷикона бошад. Агар мардум дар навои сурудҳои тоҷикӣ рақси урупоӣ кунад, ин ҷур намеояд", — гуфт Нобовар Чиноров.

Дар консерте, ки 12 ноябр дар толори "Россия" баргузор шуд, бештари шеърҳо ҷанбаи динӣ доштанд. Маъмулан чунин шеърро "мадҳия" меноманд, ки мавзуъяшон ситоиши Худову пайғамбар аст. Гурӯҳи "Шамс" низ чанде аз мадҳияҳои маъруфро бо оҳангҳои нав суруд ва чанде аз тамошобинон ба рақс бархостанд.

"Мадҳия рақси худро дорад, ин навъи дигари рақс аст. Албатта бисёр ҷолиб аст, вақте инсон мадҳияро гӯш карда онро дарк мекунаду бо тамоми ҳастияш эҳсос намуда аз ҷой бар мехезаду чархи суфиёна мезанад. Ингуна рақс навозиши руҳ аст ва бигзор мардум дар ҳавои мадҳия чунин рақс кунанд", — гуфт Нобовар.

Нобовар дар ин консерт се — чаҳор мадҳияе бо сарояндагони ҳиндӣ Салиму Сулаймон ҳамхонӣ кард. Ба гуфти Нобовар, барои эҷоди сурудҳои муштарак мушкилие пеш наомад, зеро интернет имрӯз кори ҳамаро бисёр осон кардааст.

"Муҳтавои ин мадҳияҳо ишқ ба инсон, ба табиъате, ки Худо офаридааст, ба худи Офаридгори ҷаҳон аст. Мо дар ин росто аз ашъори Мавлавиву Саъдиву Саноӣ баҳра гирифтаем. Мо бо Салиму Сулаймон тамрин накардем, танҳо дар интернет бо ҳамдигар тамос доштем. Ман барои онҳо оҳанг равон мекардам, онҳо дар Ҳиндустон тамрин мекарданду ман дар Тоҷикистон. Акнун имрӯз маҳсули заҳматамонро пешкаши мухлисон кардем".

Нобовар мегӯяд, ки дар ин ҳамхониву ҳамсароӣ ҳеч мушкили забонӣ бо овозхонҳои ҳиндӣ надоштанд, зеро дар Ҳиндустон ҳам Мавлавиро мешиносанду ғазалҳову шеърҳояшро аз бар мекунанд.

"Боре мо дар барномаи мазҳабие дар шаҳри Дубай суруд хонда будем. Пас аз ҳунарнамоӣ аз мо пурсиданд, ки чигуна аст, ки мардум забони шуморо намедонад, вале аз сурудҳоятон чунон маст шудаанд, ки гӯё шумо бо забони модарии онҳо месароед. Рози ин чист? Гуфтам, ки розаш забони порсӣ аст, ки беҳтарин забон барои ситоиши Худост. Беҳтарин ситоишкунандагони Худо Саъдиву Мавлавиву Саноӣ бо мадҳу санои Худову расул ба забони порсӣ ба чунин мартаба расидаанд. Ҳамин қудрати забон ва заҳмати бузургмардон аст, ки шеърҳоямон мардумро маст мекунад. Мо фақат бо муҳаббат онҳоро месароем", — гуфт Нобовар Чиноров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Сафари ҳунарии гирди ҷаҳон" ба муносибати "Ҷашни алмосии имомати Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV" аз Маскав оғоз шуду дар Мумбай, Порис ва дигар шаҳрҳои Урупо идома хоҳад ёфт. Гурӯҳи "Шамс" низ дар чорчӯби ин сафари ҳунарӣ дар соли 2018 дар Бангладеш, Имороти муттаҳидаи арабӣ ва дигар кишварҳо ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Нобовар Чиноров мегӯяд, ҳарчанд ниме аз ҷаҳонро гаштаву дидааст, вале ҳаргиз нахостааст берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кунад, чунки Тоҷикистонро беҳад дӯст медорад.

"Ман ба ҳар кишваре, ки сафар накунам, мехоҳам зудтар ба Тоҷикистон баргардам. Намедонам, ин чӣ ишқе бошад, ки ман ба Тоҷикистон дорам. Барои ҳамин сурудҳоям ҳам чунин мебароянд. Агар ман дар бораи зебосанами тоҷик бихонам, ман албатта гулдухтарони ҳар як ноҳияи Тоҷикистонро номбар мекунам. Ман худро бе Тоҷикистон тасаввур кардан наметавонам. Мо кайҳо боз барои худамон қарор додаем, ки беҳтар аз ширчой хӯроке ва беҳтар аз оҳангҳои тоҷикӣ мусиқие дар ҷаҳон нест", — бовар дорад Нобовар.

Чиноров вазъи ҳунари мусиқии Тоҷикистонро хушбинона арзёбӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, пешрафте дар ин ришта аз ҳунар дар Тоҷикистон дида мешавад, вале на чандон бисёр.

"Намешавад гуфт, ки ҳунари мусиқӣ дар Тоҷикистон рушд намекунад. Не, ҳастанд овозхонҳои ҷавоне, ки дар ҷустуҷӯи сабки худ ҳастанд, вале бисёре аз онҳо ба шоу-бизнес шавқ доранд. Ҳастанд гурӯҳи овозхононе, ки дар воқеъ мехоҳанд ин ҳунарро аз худ бикунанд. Ва ҳамаи онҳо тамошобинони худро ҳам доранд, вале ман фикр мекунам, ки билохира мерасад рӯзе, ки мусиқии аслӣ боқӣ мемонад, зеро он аз жарфои дил ва бо ишқи бузург сурудаву иҷро мешавад. Ҳунаре, ки бо муҳаббат падид меояд, ҷовидон хоҳад монд", — хулоса кард Нобовар Чиноров.

Барчаспҳо:
Нобовар Чиноров, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ