Рақс дар рӯзи мотам: Қиссаи 22 соли муҳоҷирати Муҳаббат Кимсанова дар Русия

© личного архива Мухаббат КимсановойМухаббат Кимсанова, архивное фото
Мухаббат Кимсанова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаббат Кимсанова – зани тоҷикест, ки тайи солиёни зиёд дар Русия истиқомат мекунад. Бонуест, ки дар як шаҳри хурдакаки Русия маъруф ба ЗАНИ ТОҶИК гаштааст- гоҳе дар саҳнаҳо рақс мекунаду гоҳе нақш мебозад

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Муҳаббат Кимсанова яке аз камшумортарин муҳоҷирони тоҷик аст, ки чун дигар ҳамватанонаш ба хотири пешбурди рӯзгор рӯ ба ғарибӣ овард, аммо баробари он тавонист, ки  аз Ватан фарҳангу маданияташро савғо биёрад. Ӯ дар шаҳри Радужнии вилояти Тумен 20 сол кору зиндагӣ карду бо сокинони  шаҳр дӯсту бародар шуд. Ӯ дар шаҳри русӣ  ҷашни "Наврӯз"-ро ташкил карду акнун 6 сол аст, ки сокинони чандмиллиятии шаҳр як ҷашни дигар доранд, ӯ кӯдакони русро рақси тоҷикӣ омӯхт, акнун онҳо шеъри тоҷикӣ медонанд…

Имрӯз Sputnik Тоҷикистон ба хонандагон як чеҳраи дигарро шинос мекунад, ки ба хотири ҳамватанону  пешбурди фарҳанги тоҷикӣ ҳатто дар рӯзе, ки матам дошт,  ба саҳна баромад ва рақс кард.

Волидон, зодгоҳ ва муҳоҷират

— Муҳаббат Кимсанова,  чӣ хеле ки мегӯянд, сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, худро муаррифӣ мекардед…

— Салом алейкум,  зодгоҳи ман яке аз деҳаҳои зебоманзари Тоҷикистон- деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом  аст. Падарам- Солибой Кимсановро мардум ба хубӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Модарам, Худо раҳмат кунад, Гавҳархон  Шукурова, ки ҳамдеҳагонамон Гавҳар — духтур ном дода буданд. Рӯҳашон шод бод, он кас дар  бемористони деҳамон ҳамшираи шафқат шуда кор мекарданд ва берун аз он ба тамоми сокини деҳа кӯмаки худро дареғ намедоштанд. Маълумотам олист. Тахассусам муалими забон ва адабиёти русӣ аст. То соли 1996 дар филиали Донишгоҳи технологи Тоҷикистон дар Хуҷанд ба ҳайси муовини мудири китобхона кор мекардам. Оиладор ва соҳиби се фарзанд ҳастам.

— Чӣ шуд, ки ба Русия омадед?

— Соли 1996-ум бароям  соли мушкиле буд. Ҳамон сол  фарзандамро гирифта, назди хоҳарам ба шаҳри Радужний омадам. Фикр мекунам, он вақтҳо ба ҳама мушкил буд.  Ҳамин мушкилии иқтисодӣ маро ҳам ба Русия овард.

— Шуморо имрӯз ҳамон рақси тоҷикиатон бо кӯдакони рус машҳур кардааст. Дер боз дар соҳаи маориф кор мекунед?

— Не, ман аз соли 1996 то соли 2016 дар яке аз шаҳрҳои беҳтарини Русия-Радужний дар вилояти Тумен зиндагӣ мекардам.  Аммо ман аз аввал корманди соҳаи мариф набудам: 4 сол дар як ташкилот кор кардам,  14 сол дар бемористон ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кардам. Баъд соли 2013 дар боғчаи  "Родничок"- шаҳри Радужний  омадам.  Ҳоло якуним сол мешавад, ки дар шаҳри Нижневартовск, дар  боғчаи "Золотая рыбка" ба ҳайси мураббӣ кор мекунам.

© из личного архива Мухаббат КимсановойМухаббат Кимсанова, архивное фото
Мухаббат Кимсанова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мухаббат Кимсанова, архивное фото

Ҷашни Наврӯз ва суманак дар Русия

— Пас фаъолияти иҷтимоиро кай сар кардед?

— Соли 2011 гурӯҳи эҷодии Наврузро ташкил кардем. Аввалин баромади мо  дар моҳи июн, дар иди "Дӯстии халқҳо"  буд. Мо одатҳои тӯёнаи тоҷиконро нишон додем.  Сипас рақси "Остинатро ҷунбода буро"-ро  раққосаҳоямон иҷро карданд. Писари худам, Толибҷон таронаи  "Гул ба даст"-ро суруда буд. Бо қироати шеъре Тоҷикистонро муаррифӣ карда буд.

Вақте ки Толибҷон ин шеърро мехонад, 6 000 аҳолӣ моро тамошо мекарданд. Сипас ба наздаш омада, изҳори миннатдорӣ каданд. Намояндагони дигар халқиятҳо, ки бори аввал бо фарҳанги тоҷикӣ шинос мешуданд бо раққосаҳои миллипӯш акс мегирифтанд. Барои ҷашн  кати калонеро  ҳам гирифта дар рӯяш кӯрпача партофтем. Ҳама мехостанд як бор болои он кат нишинанд. Сипас гурӯҳи эҷодии мо дар ҷашни 70-солагии иди Ғалаба ширкат кард. Ман чанд дақиқаи филми "Тоҷикон дар замони ҶБВ"-ро нашон додам.

— Наврӯзро дар ин шаҳр пештар ҳам ҷашн мегирифтанд?

— Не, бори аввал ман ва муовини мудири фарҳанги шаҳри Радужний ҷашни Наврузро ташкил кардам. Барои ҷашн бо ҳамватанонамон 24 соат суманак пухтаву онро дар рӯзи Наврӯз ба меҳмонон тақсим кардем. Ман пеш аз тақсим кардани хӯрок фаҳмонидам, ки ин хӯроки миллли тоҷикон аст, ки аз қадимулайём мондааст. Ва сипас аз хӯрдани он аз онҳо пурсидам, ки маззааш ба чӣ монанд аст? Ҷавоби онҳо аҷиб буд: касе мегуфт шоколад ва касе кашаи ширин…

Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки таркиби ин хӯроки лазиз аслан шакар надорад ва решаи гандуму орд тайёр шудааст. Ҳама дар ҳайрат буданд. Илова намудам, ки пеш аз хӯрдани нияти нек кунанд, амалӣ мешавад.

Ҳоло бошад 4 сол мешавад, ки дар шаҳри Радужний  Наврӯз ҷашн мегирем. Акнун намояндагони миллатҳои гуногун- тоҷикон, озарбойҷониҳо, тоторҳо, доғистониҳо, қазоқҳо ба мо шарик шудаанд.

© из личного архива Мухаббат КимсановойМухаббат Кимсанова, архивное фото
Мухаббат Кимсанова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мухаббат Кимсанова, архивное фото

- Барои чӣ аз Радужний ба шаҳри дигар кӯчидед?

— Моҳҳои июни соли гузашта буд, ки тоҷикони маркази фарҳангии "Суғдиёна" —и шаҳри Нижневартовск маро ба ин шаҳр даъват карданд ва ман ҳам қабул кардам.

- Яъне Шумо дар шаҳри Нижневартовск ҳам фаъолияти иҷтимоии худро давом додед?

—  Бале, албатта. Яке аз сабабҳои кӯчидани ман ҳам ҳамин буд. Маро диаспораи тоҷикон аз Маркази фарҳангии "Суғдиёна" (ТНКЦ "СОГДИАНА") даъват карданд ва ҳам рад карда натавонистам. Сипас дар  ин ҷо маро роҳбари гурӯҳи эҷодии "Суғдиёна" таъин карданд.  Мо аз соли 2016 инҷонб дар ҷаҳшнҳо "Дӯстии халқҳо", "Рӯзи фарҳанги миллии мардуми тоҷик дар шаҳри Нижневартовск" фаъолона иштирок мекунем. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба тоҷикони фаъоли шаҳрамон, ба роҳбари Маркази фарҳангии "Суғдиёна"  сипосгузорӣ кунам.

—  Як рақси шумо бо кӯдакони рус дар интернет хело машҳур шудааст. Ростӣ аз либоси тоҷикии онҳо фикр мекунӣ, ки тоҷик ҳастанд…

— Бале, барои иҷрои рақси "Во вайло" то ҳол ба ман нома менависанд ва ташаккур мегӯянд. Касе аз он кӯдакон тоҷик нестанд. Ҳама кӯдакони рус ҳастанд.

Моя ты таджичка…

— Омӯхтани рақс мушкил набуд, волидонашон чӣ муносибат доранд?

Омӯхтани рақси тоҷикӣ  мушкил набуд Онҳо 4 —5-сола буданд, ва гоҳе баъзе лаҳзаҳои рақсро фаромӯш мекарданд. Волидонашон ба рақси онҳо танҳо ҷонибдорӣ мекарданд.  Ин рақсе, ки дар сомонаи Одноклассники машҳур шудаасту зиёда аз 60 ҳазор кас тамошо кардаанд, дар ҷашни "Дӯстии халқҳо" дар шаҳри Нижневартовск  иҷро шуда буд. Тамошробинон зиёд буданд, аммо ба фикри ман гурӯҳе, ки барои дастгири раққосачаҳои ман омада буданд, бештар буданд. Барои дастгирии як раққосаи гурӯҳамон, ду бобо, ду бибӣ, падару модар ва холаву амакаш омада буданд.  Як раққосаи дигарамон дар пайи машқҳои зиёд супруди "Вовайло"-и Сӯҳроб Отаевро ҳам азёд кардааст. Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки пас аз баромади навбатиамон  падари ин духтарча омада, вайро навозишкунон, "моя ты таджичка" (тоҷикдухтари ман) гуфт.

—  Сару либосҳои миллиро аз Тоҷикистон меоред?

— Не, аз Тоҷикистон овардан бароямон мушкил мешавад. Асосан бо қувваи худ дастрас мекунем. Касе матоъ меёбад ва касе мудӯзад. Мо ҳама бо якдигар ройгон хизмат мерасонам.

  Рақс дар рӯзи мотам

—  Мехоҳам бидонам, ки ин қадар қувваи эҷодкорӣ дар Шумо аз куҷост?

—  Шояд меҳри суруд, рақс ва саҳна аз кӯдаки дар дили ман ниҳон буд. Худо ба дилам андохтааст — чӣ хеле, ки мегӯянд. Ман то имрӯз барои халқам ва барои мауаррифи тоҷикон ройгон хидамат кардам. Ҳарчанд он қадар доро набошам ҳам, баъзан тамоми либосҳои рақсро аз киссаи худам мехаридам. Рақс, саҳна, озмуну барномаҳое, ки ман аввал тарҳрезӣ мекардам, ҳатман кӯшиш мекардам, ки амалӣ кунам. Дар ягон маросим ва ҷашн диаспораи тоҷикон дасти холӣ намеомад. Ҳатман барнома месохт ва хӯроки миллӣ меовард. Падару модарам ҳам доим аз ин кори ман розӣ буданд. Дар ин фаъолияти иҷтимоиам як таҷрибаи талх ҳам дорам: Модарам бемор буданд. Ба Тоҷикистон рафтем ва нигоҳубини модар мекардем. Аз баски ин беморӣ ногаҳонӣ буд, барномаҳои ман дар Радужний нимтайёр монданд. Пас аз як моҳи нигоҳубинӣ модарам дуо доданд, ки ба Русия бар гардам ва аз паси корам шавам. "Хез духтарам, он ҷо туро халқ интизор"- гуфтанд. Ман барои пурра кардани баромадҳо ба роҳ баромдам. Бояд барои ҷашнвораи "Мы вместе" барномаамро омода мекардам. Ба Русия расидаму хабари марги модарам ба ман расид…

Рӯзи 7-ум буд, ки мотам доштам. Ҷашнвораи "Мы вместе" баргузор шуд. Барои он ки тоҷикон дар ин ҷашнвора бе намоянда намонанд, дар сар рӯймол ва дар тан куртаи кабуд ба саҳна баромдам. Баъзеҳо аз ин ҳол маро бо даст нишон доданд, аммо ман бошам, охирон васияти модарамро иҷро кардам, вай кас доим маро дуо медоданд ва мегутфанд, "ту он ҷо лизим ҳастӣ"….

Гиряи арӯси қирғиз

- Пас аз 22-соли зиндагӣ дар Русия зиндагӣ кардед, дар бораи ҳаёти муҳоҷирон чӣ гуфта метавонед?

— На танҳо дар муҳоҷират, ҳатто дар Ватан ҳам рушду камоли ҳар кас ба худи ӯ вобаста аст. Асосаш дар муҳоҷират тоҷикони мо бояд дар доираи қонун амал карданро ёд гиранд ва сипас ҳаммаш хуб мешавад. Ман 22 сол мешавад, ки дар муҳити кишвари дигар зиндагӣ мекунам. Лекин худро ёфтам ва худро СОХТАМ. Маро ҳатто ҳангоми аз як шаҳр ба шаҳри дигар рафтан, худи раиси шаҳр гусел кард. Ин барои ман ҳамчун зани тоҷик як ифтихори миллист, ифтихори калон аст. Тоҷиконе ки ман во хӯрдам, дар Русия ҳама инсонҳои хуб буданд. Мо тавонистем, ки фарҳанги миллати дигарро қабул кунем баробари он фарҳанги худро рушд диҳкему ба дигарон нишон диҳем ва маро хуб қабул ҳам карданд. Барои муносибатҳои неки ду кишвар- Русия ва Тоҷикисон ба раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин изҳори миннатдорӣ баён мекунам.

Медонед, ман илова бар рақсу муаллимиву духтурӣ боз дар тӯйҳо барандагӣ ҳам кардаам. Ҳоло як воқеа ба ёдам омад. Рӯзе ду шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Радужний тӯй доштанд. Маро даъват карданд, ки баранда шавам. Қабул кардам. Азбаски оилаи нодор буданд, гуфтам, хуб ройгон  хизмат мекунам. Лекин.. Тӯй сар шуд. Ҳамаш хуб мегузашт. Ман ҳамроҳам ҳофиз ҳам бурда буам, ки тоҷик буд. Азбаски забони узбекӣ ба қирғизӣ наздик аст, ҳофизи мо каме сурудҳои узбекӣ ҳам хонд. Аммо ногоҳ гиряи арӯс маро шигифтзада  кард. Чӣ шудааст? Ҳама ҳайрон буданд. Маълум шуд, ки арус суруди қирғизӣ мехостааст. Домод хоҳиш кард, ки суруди қирғизӣ хонем. Хушбахтона дар флешка сурудҳои узбекӣ бурда будам. Бо ҳамин тӯйро гузаронидем…

Мехоҳам духтарам дар барномаи "Голос" ширкат кунад

— Мехоҳед, ки фарзандонатон роҳи шуморо интихоб кунанд?

Духтарам,  Гулнора 11 сола аст. Ӯ аз синни сесолагӣ рақс мекунад ва суруд мехонад. Дар озмуне дар шаҳри Нижневартовск дар байни 67 иштироккунанда ҷойи севвумро гирифта буд. Мехоҳам ин истеъдоди фарзандамро рушд диҳам. Орзу дорам, ки рӯзе духтарам дар озмуни "Голос"  иштирок кунад. Умуман ман ҳамавақт бо фарзандонам Толибҷон, Алишер ва Гулнора дар саҳна ҳастам. Баъзан онҳоро маҷбур мекунам, ки бо забони тоҷикӣ баромад кунанд.  Мо дар озмуни оилавуии "Ухты" дар байни 200 оила ҷойи дуввумро гирифтем.

© из личного архива Мухаббат КимсановойМухаббат Кимсанова, архивное фото
Мухаббат Кимсанова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мухаббат Кимсанова, архивное фото

- Чӣ нақшаҳо доред?

— Нақшаҳо зиёданд. Асос амалӣ кардани онҳрост. Мехоҳам дар ҷашни Дӯстии халқҳо рақси "Эй санам"-ро ба саҳна гузорам.  Фикр мекунам ин дафъа ҳам ба ман муяссар мешавад, ки ин рақсро бо духтаракони худ иҷро кунам. Ягона мушкилие, ки дорем, ин сару либоси рақсӣ аст, ки бештар барои дастрас кардани он мо ба мушкилӣ дучор мешавем. Ҳарчанд ин ҳама корҳои ҷамъиятии мо ройгон аст, аммо мо ниёз ба пуштибонии ҳамватанонамон дар баъзе масъалаҳо дорем. Масъалан ҳозир ман чанд барномаро дар сарам тарҳрезӣ мекунам. Аммо фикр карда дидам, ки барои амалӣ карданӣ он бароям каме вақти берун аз кор, ва малбағ лозим аст.

— Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

— Ба Шумо ташаккур!

Лентаи хабарҳо
0