22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Джонибек Муродов

Ҷонибек Муродов барои идомаи ҳунар ба Украина рафт

© Sputnik Амир Исаев
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
176 0 0

Ҷонибек Муродов ҳамакнун бо тахаллуси Jonibek рӯзи 18-уми декабр дар Киев барномаи ҳунарии тозаи худро бо номи "ДИВО"-ро намоиш хоҳад дод. Дар ин консерт ҳунарманд сурудҳои машҳур ва ҳам тозаашро месарояд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik.  Дар ин барномаи тоза Ҷонибек /Муродов мусиқии украинӣ ва шарқиро пайванд додааст. Дар консерт ҳунарманд бо мусиқии зинда ва барномаи театрикунонидашуда суруд мехонад.

"Хело хурсандам, ки метавонам дар Украина барномаи консертии нави худро пешниҳод кунам, ки бо гурӯҳи ҳунармандони украинӣ омода шудааст. барномаи ман- ин ҷаҳлони мусиқии ман аст! Ба консерти "ДИВО", ки 18-уми декабр дар "Caribbean Club" баргузор мешавад, шумоёнро даъват мекунам. Ваъда медиҳам, ки эҳсоси аз консерт бардоштаатон то дер дилҳоятонро гарм нигаҳ медорад. Ман барои мухлисонам сюрпризҳои зиёде омода мекунам",- навиштааст ҳунарманд дар саҳифаи фейсбукиаш.
Интизор меравад, ки ба бинандагон чанд суруди украинии Ҷонибек Муродов пешниҳод карда мешавад.

Ҷонибек Муродов аллакай суруди ""Прощай"-ро ба забони украинӣ сабт ва бо клипи тоза пешниҳод кардааст. Шеъри Прощай"- ба қалами Иван Франко ва мусиқии он ба Александр Яшин тааллуқ дорад.

Ҷонибек Муродов- яке аз ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик  аст, ки то имрӯз 5 албом сабт кардааст ва дар чанде аз озмунҳои байналмилалӣ ширкат карда, ҷоиза ба даст овардааст.

Барчаспҳо:
консерт, Ҷонибек Муродов, Украина, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ