21:56 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Вечер Таджикской поэзии

Шаби шеър: тоҷикон дар Маскав ба забонҳои Рӯдакӣ ва Пушкин шеър хонданд

Sputnik / Стас Этвеш
Тоҷикистон Style
Гирифтани линки кӯтоҳ
10720

Чанде пеш "Хонаи миллатҳо" дар Маскав мизбони Шаби шеъри тоҷикӣ буд, ки онро сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо Федеросюни муҳоҷирони Русия ва созмони "Нур" омода ва баргузор карданд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik, Фарзона Ширинбек. Дар ин Шаби шеър шоъирони номдору навқалам Алексей Авғонов, устод Бурӣ Карим, Абдулқодир Алавӣ, Адолатбек Рустамбеков, Азорабек Шукриллоев, Олим Ширинбек ва бархе аз меҳмонон ашъори русӣ, форсӣ ва шуғнии худро хонданд.

Дар чорчӯби ин барнома ҳамчунин маҷмуъаи ашъори Сергей Есенин дар тарҷумаи устод Лоиқ Шералӣ рӯнамоӣ шуд. Ин маҷмуъаро Бунёди мероси фарҳангии устод Садриддин Айнӣ дар Душанбе мунташир кардааст.

Ин шаби шеър дар чорчӯби барномаҳои Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон, ки 18 декабр аст, бо ҳадафи ҷалби насли нави муҳоҷирон ва фарзандонашон ба шеъри форсӣ-тоҷикӣ баргузор шуд.

Вечер таджикской поэзии
Sputnik / Стас Этвеш
Вечер таджикской поэзии

Шеъри форсиро ҷаҳониён бо номи бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва бисёре дигарон мешиносанд, ки дар панҷ садсола — аз садаи 10 то 15 милодӣ шоҳкорҳо ва беҳтарин намунаҳо аз адабиёти форсиро офаридаанд.

Яке аз вижагиҳои адабиёти қадими форсиву тоҷикӣ ин аст, ки бештари офаринандагонаш донишмандону донишварон буданд, ки на танҳо эҳсосот, балки донишу ҷаҳонбинии худро низ бо шеър бозгӯ мекарданд. Чунончи, Фирдавсӣ бо "Шоҳнома" торихи мардумони эронитаборро зинда кард ва Абуалӣ ибни Сино бо "Донишномаи Алоӣ" донишноманависии илмиро поягузорӣ кард.

Аммо, камбахтона, аз осори гаронбаҳои он даврон камтар асаре то ин замон расида ва аз он ҳам андаке ба дигар забонҳо, аз ҷумла русӣ, баргардон шудааст.

Ширкаткунандагон дар ин Шаби шеър кӯшиданд ин камбудро дар ҳадди тавонашон ҷуброн кунанд ва шеърҳоро ба ду забон — форсии тоҷикӣ ва русӣ бихонанд то меҳмонони хориҷӣ низ аз он баҳра бибаранд.

Дар ин мафҳил шоири русизабони тоҷик Алексей Авғонов, устод Бурӣ Карим, устод Абудқодир Алавӣ, шоирони мардумӣ Адолатбек Рустамбеков ва Азорабек Шукриллоев, дуктур Олим Ширинбек ва бархе аз меҳмонон шеърҳои худро ба забонҳои русӣ, форсӣ ва шуғнӣ хонданд.

Мавзуъи ашъори ин шоъирон ҳарчанд нав нест, чун ашъори ошиқонаву ғарибона дар адабиёти мо аз куҳантарин замонҳо боз суруда мешаванд, вале эҳсосоте, ки дар ин шеърҳо бозгӯ мешавад, бархоста аз муҳитест, ки муҳоҷиронро дар ғурбат фаро гирифтааст.

Шоъирони бузургсоли муҳоҷир дар ашъорашон бештар аз Меҳану зодбум ёд мекунанд. Онҳо булбулеро мемонанд, ки дур аз чаман уфтодаву аз дарди ҳиҷрону фурқат нолон ва хостори бозгашт ба он аст. Ашъори онҳо бозгӯкунандаи аҳволи касоне аст, ки дар дуроҳа мондаанд: на дар ғурбат бо бумиён унс гирифтаанд ва ва бозгаштан ба Меҳан метавонанд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷанги тоҷиккуш, ки дар паи он ин муҳоҷирон бисёре аз хешовандону ёрону дӯстону хонаву дороияшонро аз даст додаву аз Меҳан рафтаанд, дигар наметавонанд бар гарданд ва зиндагии худро аз нав оғоз кунанд. Вале дур аз Меҳан меҳрашро дар дил мепарваранд ва ёдашро гиромӣ медоранду "хори Ватанро беҳтар аз тахти Сулаймон медонанд".

Вечер таджикской поэзии
Sputnik / Стас Этвеш
Вечер таджикской поэзии

Ҳар боре, ки Алексей Авғонов "Тоҷикистон" мегуфт, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Ӯ бо сарфарозӣ аз он, ки фарзанди ду миллат — аз падари тоҷику модари рус — аст, меҳмононро ба меҳандӯстӣ ва пуштибонӣ аз мардуму ҳунару фарҳангаш фаро мехонад.

Шеъри устод Бурӣ Карим "Тоҷикистон — сарзамини кӯҳсорам, ғайри санги кӯҳсорам такягоҳе ман надорам…" дили муҳоҷирони бузургсолтарро бирёну чашмашонро гирён кард. Вай дар ин шеър умедвор мешавад, ки дигар ҳаргиз бадрӯзии кишвару мардумашро набинад.

Мӯяҳои ғарибонаву ёди ёру диёр дар ашъори дигар шоъирон низ барҷаста аст. Чунончи, Рустамбек Адолатбеков дар пайравӣ аз шоъири эронӣ Хусрав Фаршедвард, ки мегуфт "ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест" шеъре баланд сурудаву аҳволи худу ҳамсарнавиштҳояшро бозгӯ кардааст.

Аммо насли дувуми муҳоҷирон, ки дар Русия зодаву бузург шудааст, ҳарчанд худро бахше аз ҷомеъаи ин кишвар мешуморад, вале ду фарҳангро — яъне русӣ ва тоҷикиро — дар худ гунҷондааст. Дар сурудаҳои онҳо аз Тоҷикистон камтар ёд мешавад, вале ашъорашон саршор аз орояҳои адабии шеъри форсӣ аст ва воқеъиятҳои Русияро бо нигоҳи тоҷикона менигаранд.

Чунончи, дар сурудаҳои дуктур Олим Ширинбек, ки дар яке аз бемористонҳои Маскав пизишк аст ва худро шоъир намешуморад, сабки Рӯдакиву ҳикмати Носир Хусрав, ҷаҳонбинии Мавлавӣ ва башардӯстии Саъдиро метавон боз ёфт.

Донишҷӯи донишкадаи дандонпизишкӣ Усмон Муҳибалихонов мегӯяд ҳарчанд шеъргӯӣ пешааш нест, аммо ҷаҳонро дар ойинаи шеър мебинад ва аз ашъори бузургони шеъри форсӣ илҳом мегирад, аммо шеърашро барои ҳамсолони худ мегӯяд.

Ногуфта пайдост, ки ҳарҷо, ки тоҷикон шеър мегӯянд, созу овоз низ мехонанд. Ин маҳфил ҳам бе овози рубобу даф нагузашт. Ҳунармандони гурӯҳи созиву овозӣ ва рақсии "Нур" маҳфилро базмкада карданд ва касеро бетараф нагузоштанд.

Ширкаткунандагон дар ин шаби шеър бар ин нукта таъкид карданд, ки фарҳанг муҳимтарин омил дар устуворсозии пайвандҳо миёни мардумони Русия ва Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, қарор доданд, ки ҳаддақалл моҳе як бор чунин барномае баргузор кунанд.

Вечер Таджикской поэзии
Sputnik / Стас Этвеш
Вечер Таджикской поэзии

Мавзуъ

Гузориши тасвирӣ аз Шаби шеъри тоҷикӣ дар Маскав
Фирдавс Аъзам "Ойини ойина"-ашро ба шеърдӯстон пешкаш кард
Бишнав: Беҳрӯз Зеваров шеъри Манижа Давлатро сароид
Барчаспҳо:
шаби шеър, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ