Бунёди пули мошингузар дар рустои Потови ноҳияи Ванҷ

© SputnikДеҳаи Поймазор дар ноҳияи Ванҷ (ВМКБ)
Деҳаи Поймазор дар ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати мавсум ба “Сафарӣ”-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ин пули мошингузарро ба зимма дошта, то имрӯз зерпояҳои ҳар ду ҷониби соҳилро бунёд кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.  Барои бунёди ин пул, ки аз болои дарё сохта мешавад ва рустои Потовро бо деҳаҳои дигар мепайвандад,  дар маҷмӯъ 5 миллион сомонӣ зарур аст, иброз дошт раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова аснои суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Sputnik.

Бону Раҷабова афзуд, корҳои ободонӣ ду сол боз дар пули мошингузари деҳаи Потови ҷамоати деҳоти Ҷовидон идома дошта, бунёди онро сокинон дар соли 2010 аз раисҷумҳур ва ҳукумати кишвар тақозо намуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маҷмааи ҷаҳонгардии "Ванҷи боло" аз ҷониби Раҳмон

Ҳамин тавр, умури сохтмонӣ дар пули мошингузар моҳи августи соли 2014 оғоз гардида, бо ҷудо шудани маблағ сохтмончиён тавонистанд пойдевори тарафи чапи соҳили рӯдхонаро ба анҷом расонанд. Соли равон барои идомаи кор 349 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои пулсозӣ дар тарафи чапи соҳил анҷом ёфт.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳоло техникаи зарурӣ ба кандани зерпояи сутуни дуюми пул машғул буда, то имрӯз маблағҳои  ҷудошуда пурра масраф гардидаанд.

"Тибқи лоиҳа барои ба истифода додани пули деҳаи Потови ноҳияи Ванҷ бояд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардад. Пулсозон то ба имрӯз аз маблағи пешбинишуда беш аз 812 ҳазор сомониро дар корҳои пулсозӣ харҷ кардаанд",- афзуд раиси ноҳия.

Дар ҳоли ҳозир ба гирду атрофи пул 720 метри куб сангҳои калон оварда, зерпояҳои он мустаҳкам шудаанд.

Ширкати мавсум ба "Сафарӣ"-и ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони ин пули мошингузарро ба зимма дошта, ба иттилоъи муҳандисон иқтидори пул 10 тонна буда, дарозиаш ба 75 метр баробар аст.

 

Лентаи хабарҳо
0