01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе

Тоҷикистон ва Ӯзбакистон алоқаи ҳавоии байни кишварҳоро барқарор мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Намояндагони ширкатҳои ҳавоӣ ва вазоратҳои нақлиётии ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон гуфтушунид баргузор намуда, бо фаъолияти фурудгоҳи Душанбе шинос гардиданд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имрӯз дар Душанбе во хӯрда, масъалаи барқарор намудани ҳаракатҳои ҳавоиро байни кишварҳо баррасӣ мекунанд.

"Ҳайъати нақлиётии Ӯзбакистон, ки ба таркиби онҳо намояндагони Ширкати ҳавои миллии "Ўзбекистон ҳаво йўллари"низ дохил мешавад,  бо фаъолияти ҳамаи хадамотҳои фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, бо мақсади огоҳӣ аз шароити омодагии фурудгоҳ барои қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳо ва барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, шинос мешаванд",- гуфт ба РИА Новости котиби матбуоти фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи боздиди ҷониби Ӯзбакистон тарафҳо созишномаи барқарор намудани ҳаракатҳои ҳавоиро ба имзо мерасонанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳаракатҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба Тошканд аз аввали соли 2017 барқарор мешаванд.

Дар мобайни моҳи ноябр ба Тошканд ҳайъати Тоҷикистон сафар намуд, ки дар таркиби он намояндагони вазоратҳои гуногун, аз ҷумла — Вазорати нақлиёт низ буданд.

Ҳаракатҳои ҳавоӣ байни ду кишвар соли 1992, вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, қатъ шуда буд.

Барчаспҳо:
Сафари ҳайъати Ӯзбакистон, намояндагони вазорати нақлиёт, Ӯзбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ