14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҳавопаймои ширкатҳои ҳавоии Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Ду парвоз дар як ҳафта: Душанбе ва Тошкандро алоқаи ҳавоӣ мепайвандад

© Flickr/ Alec Wilson
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Тибқи созишномаи имзогардида, пойтахти Тоҷикистон ва Узбакистонро ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Узбекистон ҳаво йўллари” ҳафтае ду маротиба мепайвандад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тоҷикистону Узбакистонро дар як ҳафта  ду маротиба ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар бо алоқаи ҳавоӣ пайванд менамоянд.

Дирӯз ҳайати  вазорати нақлиёти Узбакистон таҳти роҳбарии муовини аввали  Бозрасии давлатии назорати бехатарии парвозҳо Олег Ли бо сафари корӣ ба Душанбе рафт. Ҳамчунин онҳоро намояндагони ширкати ҳавоии "Узбекистон ҳаво йӯллари" ҳамроҳӣ карданд.

"Дар доираи сафари корӣ ҳайати Узбакистон бо фаъолияти ҳамаи хадамотҳои фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, шинос шуданд. Барои  меҳмонон дар терминали нави фурудгоҳ, VIP-толор ва дигар шуъбаҳои он экскурсия гузаронида шуд ",-хабар медиҳад хадамоти матуботи фурудгоҳ.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Тоҷикистон ва Узбакистон созишномаи таърихиро оиди барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвар ба имзо расониданд.

Қайд мегардад, ки парвози аввалин дар хатсайри Душанбе-Тошканд дар авоили моҳи январи соли 2017 дар назар аст. Парвозхо аз рӯи хатсайри мазкур аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Узбекистон ҳаво йўллари" ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.

"Маҳз бо шарофати мақомоти Тоҷикистон мо имрӯз ба қарори ниҳоӣ расидем. Ҷониби Узбакистон омода аст, ки паврозҳоро аз моҳи январ барқарор кунад",-изҳор дошт Олег Ли.

Ба қавли ӯ ҷонибҳо аллакай базаи асосии ҳуқуқиро барои павроз омода кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз соли 1992, зимни шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Барчаспҳо:
барқароршавии алоқаи ҳавоӣ, имзои созишнома, ширкати ҳавоии "Сомон Эйр", Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ