11:38 27 марти 2017
Пахши мустақим
Парвози ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ

ФР аз Душанбе хоҳиш намуд, ки ба парвозҳои “Ямал” аз Жуковский иҷоза диҳад

© Sputnik / Виталий Белоусов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
39 0 0

Ширкати ҳавоии “Ямал”, ки аз ҷониби ҳукумати ФР ба парвозҳои “Жуковский- Душанбе ва Жуковский - Хуҷанд” таъин гардидааст, ба идораи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аризаи иҷрозаи ин парвозҳоро пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Вазорати нақлиёти Русия аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон даъват намудааст, ки тибқи қарордоди пештара ба ширкати ҳавоии "Ямал" иҷоза диҳад, ки аз фурудгоҳи Жуковский ба ҷумҳурӣ парвоз намояд, хабар доданд ба  РИА Новости аз хадамоти матбуоти мақомоти Русия.

"Санаи 7-уми ноябр байни мақомотҳои авиатсионии Тоҷикистону Русия протокол ба имзо расид, ки дар банди дуввуми он дар бораи ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон- мувофиқи аризаҳои пешниҳодгардида тасдиқ намудани барномаи парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия аз, ба "Жуковский"  омадааст ",- хабар доданд аз Вазорати нақлиёт.

Ширкати ҳавоии "Ямал", ки аз ҷониби ҳукумати ФР ба парвозҳои "Жуковский- Душанбе ва Жуковский — Хуҷанд" таъин карда шудаст, ба идораи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аризаи иҷрои ин парвозҳоро пешниҳод намуд.

Аз фурудгоҳи байналмиллалии Жуковский  ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" мубоширатан аз санаи 22-уми ноябр парвозҳои худро ба роҳ монд.

Мавзуҳо:
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
Барчаспҳо:
парвоз, фурудгоҳи Жуковский, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ