10:53 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ширкати ҳавоии Сомон- Эйр, акс аз бойгонӣ

“Сомон- Эйр” маблағи чиптаҳои харидашударо бозпас мегардонад

© Фото: Пресс-служба "Сомон Эйр"
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
51 0 0

“Сомон -Эйр” аллакай парвози ширкартро ба самти Оренбургро қатъ намуд ва барои бекор кардани парвозҳо ба Краснодар, Красноярск ва Иркутск омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.Роҳбарияти ширкати ҳавоии "Сомон-Эйр" тасдиқ намуданд, ки аз Вазорати нақлиёти ФР огоҳиномаи манъи парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия гирифтаанд.

Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавоӣ хабар доданд, дар мактуби Вазорати нақлиёт дар бораи қатъи иҷрои парвозҳо ба Оренбург, Краснодар ва Иркутск сухан меравад.

"Вобаста ба ин имрӯз ширкати ҳавоии "Сомон- Эйр" маҷбур шуд, ки паврзҳои худро ба самти Душанбе- Оренбург қатъ кунад. Ба ҳамаи мусофирон маблағи чиптаҳои харидашуда баргардонида мешавад. Ширкат барои расонидани нороҳатӣ аз мизоҷонаш узр мехоҳад",- изҳор дошт ҳамсӯҳбати Sputnik.

Ҳоло "Сомон Эйр"  барои қатъи парвоз ба шаҳрҳои Краснодар, Красноярск ва Иркутск тайёрӣ мебинад.

Пештар "Сомон-Эйр" қарор қабул намуда буд, ки парвозҳоро аз самти Хуҷанд ба Екатеринбург қатъ мекунад.

Инчунин хабар дода шуд, ки гуфтушуниди ширкатҳои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон бемуваффақият ба анҷом расид. Ҷонибҳо натавонистанд, ки оиди масъалаи паврозҳо, аз ҷумла иҷозат ба парвози ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон ба мувофиқа расанд.

Вобаста ба ин Вазорати нақлиёти Русия ба ширкати "Сомон- Эйр" манъ кард, ки ба ғайр аз шаҳри Москва ва Санк-Петербург ба дигар шаҳрҳо парвоз кунад. Дар ҷовоби ин иқдоми Русия, Тоҷикистон низ парвозҳои ширкати "Уральские авиалинии" —ро ба чор шаҳрҳои кишвар  манъ кард.

Мавзуҳо:
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
Барчаспҳо:
маблағи чипа, парвоз, Душанбе - Оренбург, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ