Дар фурудгоҳҳои Маскав 43 парвоз лағв карда шуданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймо дар фурудгоҳ, акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймо дар фурудгоҳ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қайд карда мешавад, ки дар сардиҳои рӯзҳои наздик боз 20 паврози дигар қатъ гардид. Ҳарорати ҳаво то – 21... -19 дараҷа селсия фаромадааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Рӯзи душанбе  хунукиҳои сахт боиси бекор гаштани 43 парвоз дар фурудгоҳҳои Маскав  гардид, омадааст дар поратли "Яндекс.Расписание"

Барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сардиҳои баъдисолинавӣ: ҳушдори КҲФ аз бориши шадиди барф

То соати 10:20 бо вақти Маскав дар фурудгоҳи "Домодедово"  10 парвоз  бекор карда шуд,  дар "Шереметево" бошад 33 павроз қатъ гардид, 10 сафари ҳавоӣ ба таъхир гузошта шуд.

Имрӯз дар Маскав ҳавои тағийрёбандаи  бебориш  дар назар гирифта шудааст. Ҳарорати ҳаво то —21.. то —19 дараҷа селсия мефарояд, менависад сомани Маркази обуҳавосанҷии ФР.

Лентаи хабарҳо
0