01:34 23 июни 2017
Пахши мустақим
Вазорати нақлиёти ҶТ, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон Русияро барои баррасии парвозҳо ба Душанбе даъват кард

© Sputnik Игорь Лекаркин
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Дар баробари ин ҳукумати Тоҷикистон қайд кард, ки вобаста ба паврвозҳои “Ямал” Тоҷикистон қарори худро дигар намекунад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст, ки дар мавзӯи паврзҳои байни Тоҷикистону Русия гуфтушуниди кишварҳоро давом диҳад, ки он қисман аз сабаби ҳал нашудани масъалаи паврозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" номуайян буд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҶТ.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷализода, Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Русия мактуб равон намуда, идораро ба Душанбе  даъват кардааст.

Вай илова намудааст, ки ҳоло аз ҷониби Русия ҷавоб нагиритфаанд.

"Мавқеи мо вобаста ба парвозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд тағийр наёфтааст, мо манфиатҳои худро пайгирӣ хоҳем кард",-  қайд мекунад вазир.

Барчаспҳо:
"Ямал", парвоз, вазорати нақлиёт, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ