Норозигии Туркманистон аз роҳсозии тоҷикону ӯзбекон: “дӯстӣ зарар мебинад”

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкАшқобод- пойтахти Туркманистон
Ашқобод- пойтахти Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон роҳсозии Тоҷикистону Ӯзбакистонро ноҳурматӣ медонад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.Ҳукумати Туркманистон дар бораи роҳсозии Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки мехоҳанд ба Русия кишварро  миёнабур карда, роҳи оҳан бунёд кунанад, изҳори норозигӣ кард, хабар медиҳад сомонаи ВКХ Туркманистон.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти "Роҳи оҳани тоҷик"  бо Ӯзбакистон сохтани роҳани Душанбе-Пахтаабод-Бойсун-Қарши-Тошгузар бо миёнбур кардани Туркманистон ба нақша гирифтааст. Ҳоло ин пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ҳамсоякишвар омӯхта мешавад.

"Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ин изҳороти Тоҷикистонро намефкаҳмад",- омадааст дар мавод.

роҳо оҳан, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мехоҳанд роҳи оҳани нав бунёд кунанд

Қайд карда мешавад, ки изҳороти муовини раиси "Роҳи оҳани тоҷик" Усмон Қаландаров ба муноситбатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон зарар меорад.

"Дар изҳороти миёнабур кардани Туркманистон муовини раис фаромӯш мекунад, ки мувофиқи гуфтушунидҳои прештараи да кишвар  Туркманистон ва Тоҷикистон ин бояд муносибатҳои хешро вобаста ба роҳи оҳан  аз ҳисоб зиёдтар намудани кашонидани мусофир ба амвол тақвият бахшанд",- омадаст дар хабар.

Дар ВКХ дар бораи лоиҳаи муштараки сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ёдовар шуданд ва гуфтанд, ки дар лаҳзаҳои мушкил маҳз Ашқобод ба воситаи роҳи оҳан ба Душанбе кӯмаки башарӣ мерасонид.

Вазорати Туркманистон изҳори умедворӣ намуд, ки Тоҷикистон ин масъаларо бори дигар фикр мекунад.

Дар охири соли 2016 як қисми роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Товҷикистон ба истифода дода шуд.

Сохтмони ин роҳи оҳан соли 2013 сар шуда, роҳ аз 400 км иборат аст ва Туркманистон, Афғонистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад.

Лентаи хабарҳо
0