Дар Душанбе троллейбусҳои “шабгард” пайдо мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевТролейбуси нав. Акс аз бойгонӣ
Тролейбуси нав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе хизматрасонии троллейбусҳо ба мусофирон дар 2 баст (то соати 23:00 шаб) ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии "Троллейбус"-и пойтахт боздид карда, супориш дод, то фаъолияти троллейбсҳо то ними шаб ба роҳ монда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдори Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба масъалаи вазъи кунунии парки мошину олотҳои корхона ва истифодаи самараноки воситаҳои нақлиётии мусофирбар, бахусус тароллейбусҳо   мароқ зоҳир кард.

Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи навбатдории шабонарӯзии мансабдорон

Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ таъкид кард, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр ҷавобгӯи талаботи мусофирон набуда, беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад.

Ҳамин тавр тибқи супоришҳои раиси шаҳр дар Душанбе хатсайрҳои ҷадид кушода шуда, реҷаи кории троллейбусҳо даврозтар мешавад.

"Бо ҷалби воситаҳои техникию нақлиёти тозабакори фарогирифташуда хизматрасонӣ ба мусофирон дар  2  баст (то соати 23:00 шаб)  ба роҳ монда шавад",-омадааст дар хабарнома.

Роҳбари шаҳр ҷиҳати таҷдид намудани парки троллейбусҳо ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофирон дар назди масъулини корхона вазифаҳои мушаххас гузошт.  

Инчунин, вобаста ба беҳтар кардани вазъи имрӯзаи корхона, аз ҷумла таъмиру таҷдиди минтақҳои таъмирталаби хатҳои барқтаъминкунанда ва мумфарш(асфалтпӯш) намудани даромадгоҳҳои корхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0