Парвози Хуҷанд ба Екатеринбург ба далоили номаълум лағв шуд

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", акс аз бойгонӣ
ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози U6-2956 бояд соати 20:00 8-уми март аз Хуҷанд ба Екатеринбург парвоз мекард ва соати 23:00 (бо вақти маҳаллӣ )дар фурудгоҳи Колтсово менишаст, аммо ҳавопаймо то ҳол парвоз накардааст

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Парвози ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" аз Хуҷанд ба Екатеринбург як рӯз боз анҷом намеёбад.

Парвози U6-2956 бояд соати 20:00 8-уми март аз Хуҷанд ба Екатеринбург парвоз мекард ва соати 23:00 (бо вақти маҳаллӣ)дар фурудгоҳи Колтсово менишаст, аммо ҳавопаймо то ҳол парвоз накардааст. Ин ҳавопаймо бояд 139 мусофирро ба мақсад мерасонд.

Равобити умумии ширкат эълом карда, ки ин парвоз бо далелҳои фаннӣ таъхир карда ва рӯзи дигар соати 14:30 анҷом хоҳад шуд.

Пас аз эъломи таъхири парвоз бархе аз мусофирон ба хонаҳояшон равон шуданд ва бархе дигарашон дар меҳмонхона ҷойгир карда шуданд. Аммо дертар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки парвоз куллан лағв карда шудааст, вале далели онро нагуфтанд.


Парвози баъдӣ аз Хуҷанд ба Екатеренбург бояд 10-уми март сурат гирад. Дар бораи таъхир ё лағви ин парвоз ҳануз иттилоъе нест.

Лентаи хабарҳо
0