10:12 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои Боинг 737 ширкати Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ

Русия дубора парвозҳои "Сомон Эйр"-ро маҳдуд кард

© Flickr/ Lars Steffens
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Вазорати таробарии Русия эълон кард, ки аз рӯзи душанбе, 3 апрел чанде аз парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд мекунад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Русия чаҳор парвози ширкати мусофирбарии ҳавоии "Сомон Эйр" аз фурудгоҳи Душанбе ва се парвоз аз фурудгоҳи Хуҷандро мамнуъ кардааст.

Бино ба изҳороте ки дафтари матбуъотии Вазорати таробарии Русия 2 апрел мунташир кардааст, ин тасмим дар "посух" ба носозгории Тоҷикистон бо дархости ширкати ҳавопаймоии "Ямал" гирифта шудааст.

"Бар пояи протоколи музокирот миёни ниҳодҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли 2017 ва қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳамчунин ёддошти Вазорати умури хориҷаи Русия аз 1 сентябри соли 2016 ширкати ҳавопаймоии "Ямал" дувумин мусофирбари таъйиншуда аз тарафи Русия барои анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский аст".

Вазорати таробарии Русия ёдоварӣ кардааст: "Бар асоси қарордоди мусофирбарии ҳавоӣ, ҳеч маҳдудият барои парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои маҳаллӣ вуҷуд надорад".

Ин ниҳод афзудааст: "Ширкати "Ямал" барои анҷоми чаҳор парвоз дар ҳафта аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва се парвоз дар ҳафта ба Хуҷанд дархост дод, вале тарафи Тоҷикистон ин дархостро пурра иҷро накард".

Дар ин санад ҳамчунин далели ин тасмимгирии Русия тавзеҳ дода шудааст: "Воруна бар тавофуқоти дарҷшуда дар протоколи музокирот, созмони ҳавонавардии Тоҷикистон дархости ширкати ҳавопаймоии "Ямал"-ро таъйид накарданд. Ҳамзамон созмони ҳавонавардии Русия дархости ширкатҳои мусофирбарии Тоҷикистонро то 2 апрели 2017 комилан таъйид карда, ба ин умед, ки дар ин муддат тарафи Тоҷикистон низ дархости ширкати "Ямал"-ро таъйид хоҳад кард".

Вазорати таробарии Русия эълом кардааст: "Дар ин росто 31 март тарафи тоҷикӣ дар номае аз эъмоли чораҳои "посухӣ" огоҳ карда шуд: аз соати 05.30 UTC 3 апрел парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе (4 парвоз дар ҳафта) ва аз Хуҷанд (3 парвоз дар ҳафта) маҳдуд карда мешаванд".

Мавзуъ

Саранҷом Тоҷикистон осмонашро ба рӯи "Ямал" боз кард
Барчаспҳо:
парвоз, Ширкати ҳавоии "Ямал", ширкати ҳавоии "Сомон Эйр", Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ