20:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
На заводе Peugeot, архивное фото

Корхонаи худравсозии Peugeot дар Узбакистон зудтар оғоз ба кор мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
12020

Корхонаи муштараки худравсозии узбакӣ-фаронсавии Uzbekistan Peugeot Citroen Automotive нахустин худравҳояшро чаҳор моҳ зудтар аз барномаи аввалия ба бозор пешниҳод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки иҷрои ин тарҳи роҳбурдиро шитоб дода ва корхонаро 10 декабри соли 2018 ба кор андозанд. Қарор буд, ки ин корхона дар семоҳаи аввали соли 2019 роҳандозӣ шавад.

"Дар ин корхона ду мудели худравҳои Peugeot — корвонаҳои Boxer ва Expert сохта хоҳанд шуд. Мудели аввалро 3 ҳазор корвона дар сол ва мудели дувумро 13 ҳазор корвона дар сол тавлид хоҳанд кард. Peugeot Boxer дар 10 — 12 гуна ва Peugeot Expert — дар 7 гуна корвона ба бозор пешниҳод хоҳад шуд", — хабар додааст ширкати худравсозии "Узавтосаноат".

Чунончи, аз корвонаи Peugeot Boxer утубусҳои хурди 16 — 18-сандалидор, худравҳои ёрии пизишкӣ ва яхдондор ва аз Peugeot Expert утубусҳои хурди *9 — 12-сандалидор, фургон, пикап (корвонаи борбар) ва дигар гунаҳоро хоҳанд сохт. Ин худравҳо камсӯз буда миёнгини масрафи бензинашон 7 — 8 литр дар 100 килуметр аст.

Дар ин корхона 600 ҷои кор бунёд мешавад ва ҳарсола беш аз 170 милюн евро даромад хоҳад овард. Беш аз 50 дарсад аз худравҳои сохти ин корхона ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд, Эрон ва Фаронса соди карда хоҳад шуд. Куллан, бино бар баровардҳои коршиносон, содироти солонаи худравҳо 55 милюн евро ва созвораҳои эҳтиётӣ 15 милюн евро даромад хоҳад овард.

Ин корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии "Дизак" ҷой мегирад. Онро муҳандисони узбак ва фаронсавӣ бар асоси меъёрҳо ва муқаррароти ширкати Peugeot Citroen тарроҳӣ ва бунёд кардаанд.

Мавзуъ

Худравҳои узбакистониро чигуна месозанд
Дар Душанбе маркази фурӯши худравҳои сохти Узбакистон бунёд мешавад
Тоҷикистон аз Узбакистон худрав мехарад
Барчаспҳо:
UzPSA, корвона, худрав, Узавтосаноат, Uzbekistan Peugeot Citroen Automotive, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ