21:55 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Реконструкция трассы, архивное фото

Маҷлиси намояндагон чанд созишномаи қарзӣ барои роҳсозиро тасвиб кард

© Sputnik / Игорь Агеенко
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз чанд созишномаи байналмилалии қарзиро тасвиб карданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии маҷлис, намояндагон имрӯз Созишномаҳои қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди саудии тавсеъа, Бунёди тавсеъаи байналмилалии ОПЕК ва Бонки исломии тавсеъа барои иҷрои тарҳи "Сохтмони қитъаҳои "А" ва "F" аз роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб"-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Ин тарҳҳоро дар Маҷлис вазири таробарии ҶТ Худоёр Худоёрзода ва намояндагон Хайрулло Асозода, Болта Ҳусейн, Фирӯза Шарифӣ тавзеҳ додаву гуфтанд, ки ҳадаф аз ин қарзҳо ба поён расонидани сохтмони роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб аст, ки шаҳри Душанберо бо марзи Чин пайваст кунад.

Қитъаи "А" 32 килуметр дарозо дошта ва шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қитъаи "F" 28 килуметр дарозо дошта деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаи Хумб пайваст мекунанд.

Гуфта мешавад, ки иҷрои ин тарҳ ҳазинаи вақт ва хароҷоти роҳдориро коҳиш дода, гардиши колоро афзоиш медиҳад ва ҳамчунин ҷойҳои корӣ падид оварда дар кулл ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.

Қарзҳое, ки аз Бунёди саудии тавсеъа, Бунёди тавсеъаи байналмилалии ОПЕК ва Бонки исломии тавсеъа гирифта мешаванд, имтиёзнок буда бо шароити зерин пешниҳод шудаанд: муддат — 25 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 7 сол, меъёри баҳра — 1,5 дарсад.

Иҷрои ин тарҳ аз имсол оғоз шуда ва дар соли 2021 поён хоҳад ёфт.

Мавзуъ

Вазорати таробарии ҶТ имкони тунелсозӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвозро месанҷад
Боздиди Расулзода аз рустоҳои Дарвоз: роҳро ширкати чинӣ бозсозӣ мекунад
Барчаспҳо:
Кӯлоб-Қалъаи Хумб, роҳсозӣ, Вазорати таробарии ҶТ, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ