07:07 24 ноябри 2017
Пахши мустақим

Мавзӯҳо

  • Таҷдиди ахир: 15:24 02.04.2015
    15:24 02.04.2015

    Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст

    Дар ҳамойиши навбатии Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе масоили марбут ба ҳамкориҳо баррасӣ гардида, роҳбарони мақомоти дипломатӣ хостори таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шуданд.  

  • Таҷдиди ахир: 14:22 25.03.2015
    14:22 25.03.2015

    Суқути ҳавопаймои А320-и Олмон дар Алп боиси марги 150 нафар гардид

    Аэробуси А320-и Олмон бо 144 мусофир ва шаш сарнишин рӯзи сешанбе дар Алп, мавзеъи кӯҳистонии ҷанубии Фаронса суқут кард. 150 нафар ба ҳалокат расиданд.

  • Таҷдиди ахир: 14:30 06.03.2015
    14:30 06.03.2015

    Куштори Умаралӣ Қувватов дар Туркия

    ВАО-и Туркия бо истинод ба полиси ин кишвар мегӯяд, Умаралӣ Қувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24" пеш аз он ки кушта шавад, дар меҳмонӣ аз ғизои тановулкардааш заҳролуд гаштааст. Ҳамчунин, се узви оилаи ӯ низ заҳролуд шуда, куштор дар пеши чашми онҳо аснои рафтан ба бемористон сурат гирифтааст. 

  • Таҷдиди ахир: 10:44 02.03.2015
    10:44 02.03.2015

    Роҳпаймоӣ ба хотираи Борис Немтсов дар Маскав

    Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав даҳҳо ҳазор нафар ба поси хотири сиёсатмадори шинохта Борис Немтсов, ки ахиран аз ҷониби шахси номаълум кушта шуда буд, гирди ҳам омадаанд. Роҳпаймоӣ бо мувофақа бо шаҳрдории пойтахти Русия баргузор шуда, он аз метрои Китай-город то Пули калони рудхонаи Маскав сурат гирифт.  

  • Таҷдиди ахир: 17:34 26.02.2015
    17:34 26.02.2015

    Барфрезӣ дар Панҷшери Афғонистон боис ба марги беш аз 200 нафар гардид

    Дар вулусволии Панҷшери Афғонистон, воқеъ дар шимоли ин кишвар чандин русто зери барф мондаанд, роҳҳои наҷот баста ва мардум бесарпаноҳу бе гармӣ мондаанд. Гуруҳҳои наҷот дар ҳоли ҳозир аз зери барф мондани бештар аз 100 манзили зист дар ин водӣ иттилоъ додаанд.

    Расонаҳо аз ҳалокати 200 нафар хабар доданд, аммо мақомот мегӯянд оқибатҳои ин барфрезӣ бартараф нашудаанд ва эҳтимол дорад, теъдоди қурбониён бештар бошанд.

  • Таҷдиди ахир: 18:03 12.02.2015
    18:03 12.02.2015

    Музокироти Минск ба тавофуқ расид, дар Украина оташбас эълом мешавад

    Раҳбарони чаҳор кишвар дар шаҳри Минск ба мувофиқа расиданд, ки аз рӯзи 15-уми феврал дар шарқи Украина созиши оташбас ба иҷро дарояд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин танку тӯпхонаҳо аз минтақаҳои даргирӣ берун кашида мешаванд.

    Петро Порошенко, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса 14 соат дар бораи хотима додан ба ҷанг дар шарқи Украина гуфтӯгу карданд.

  • Таҷдиди ахир: 16:17 04.02.2015
    16:17 04.02.2015

    Суқути ҳавопаймои TransAsia Airways 16 қурбонӣ дар пай дошт

    Ҳавопаймо ба архипелаги Тзинмэн дар гулӯгоҳи Тайван парвоз мекард. Ҳангоми суқут як боли ҳавопаймо ба таксие бархӯрд, ки аз болои пул мегузашт. Бар пояи хабарҳо, баъзе аз қисмҳои ҳавопаймо рӯи об монданд ва аз ин рӯ чанд нафар аз мусофирон тавонистанд, ки худро наҷот диҳанд.

    Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбари ATR-72-600, дар Тайван то ба ин соат ба 16 нафар расид.

  • Таҷдиди ахир: 12:15 30.12.2014
    12:15 30.12.2014

    Тамаркузи ҷустуҷӯи Airbus А320 дар ҷазираҳои Белитунг

    Муовини президенти Индонезия, ки ба талошҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ҳавопаймои нопадидшуда дар масири Индонезия ба Сингапур раҳбарӣ мекунад,баъд аз нопадид шудани ҳавопаймои малайзиягии AirAsia аз экрани радарҳо, гуфт, эҳтимолан он суқут кардааст. Охирин тамоси парвози AirAsiaQZ 8501 бо ходимони раҳнамоӣ дар таърихи 28 декабр дар ҳоле буд, ки сарнишини ҳавопаймо ба хотири ҷилавгирӣ аз бархӯрд бо ҳавои номусоид, тағйири масир ва иҷозаи парвози баландтарро тақозо карда буд.

     

  • Таҷдиди ахир: 13:56 24.12.2014
    13:56 24.12.2014

    Намоиши филми пурсарусадои “Мусоҳиба” дар ИМА оғоз гардид

    Шурӯъ аз 24-уми декабр беш аз 200 кинотеатри ИМА ба намоиши филми мазҳакавии "Мусоҳиба" ("Интервью"), ки дар бораи сӯиқасд ба ҷони роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ҳикоя мекунад, оғоз карданд.

  • Таҷдиди ахир: 17:55 08.12.2014
    17:55 08.12.2014

    1 март дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ сурат мегирад

    Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1-уми марти соли 2015 баргузор мешавад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 ноябр бо судури фармоне замони интихоботи парлумонӣ дар кишварро таъин кард.

    Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ё КМИРТ аз ин қабл гуфта буд, дар доираи барномаи омодагӣ ба интихобот тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони ҳизбҳои сабтиномшудаи кишвар, ки барои соҳиб шудан ба курсиҳои Маҷлиси намояндагон вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд, мулоқот кунад ва сипас бо намояндагони васоити ахбори дохилию хориҷӣ сӯҳбати ошкор анҷом диҳад.

  • Таҷдиди ахир: 15:04 04.12.2014
    15:04 04.12.2014

    Амалиёти вижаи мақомот алайҳи ҷангиён дар Грозний

    Шаби гузашта, як гурӯҳи мусаллаҳон се полисро парронда, бинои Хонаи матбуотро ишғол намуд. Дар ин ҷо дафтари расонаҳои ахбори оми Чеченистон ва хабаргузориҳои федералӣ ҷойгиранд. Дар зарудхӯрд ҳафт нафар аз мусаллаҳон кушта шудаанд. Дар ин бора раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров, ки худ ба амалиёт сарварӣ дорад, хабар дод.

    Айни замон дар Грозний, пойтахти Чеченистон  амалиёти ниҳодҳои қудратӣ алайҳи шибҳинизомиён идома дорад.

  • Таҷдиди ахир: 15:52 25.11.2014
    15:52 25.11.2014

    Фергюсон бори дуввум ба гирдоби хушунат кашида шуд

    Дар шаҳри Фергюсон, воқеъ дар аёлати Миссурии ИМА, баъди аз сӯи Ҳайати мунсифа сафед шудани корманди полисе, ки моҳи август навраси сиёҳпӯстро аз зарби тир кушта буд, бенизомиҳо сар заданд.

    Ҳалокати навраси сиёҳпӯст Майкл Браун аз тири корманди полис Даррен Уилсон эътирозҳои густурдаеро ба бор овард, ки чанд рӯзи идома карданд. Додситони шаҳри Фергюсон Роберт МакКалло дар як нишасти хабарӣ изҳор намуд, аъзои ҳайати мунсифа баъд аз омӯзиши мӯшикофонаи парванда ба натиҷае расиданд, ки Уилсон ба хотири дифоъ аз худ сӯи ҷавони сиёҳпӯст тир андохтааст.