09:32 25 феврали 2017
Пахши мустақим

Мавзӯъҳо

Дар Тоҷикистон

Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит

Амалиёти сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон дар дараи Ромит идома дорад, вале аз маҳалли будубоши феълии генерал -майор, собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода хабаре нест.  

  • Таҷдиди ахир: 14:04 18.09.2015
    14:04 18.09.2015

    ВКД: 139 ҷонибдори Назарзода боздошт ва 100 парвандаи ҷиноӣ боз шуд

    Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.

    7
  • Таҷдиди ахир: 10:02 18.09.2015
    10:02 18.09.2015

    Намояндаи вижаи ИА: мо ҷонибдори амну субот дар Тоҷикистонем

    Иттиҳоди Аврупо бо фиристодани намояндаи вижааш бори дигар дастгирии худро аз тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту субот дар кишвар эълон кардааст. Аврупо ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, гуфтааст дипломат.

    2
  • Таҷдиди ахир: 08:21 17.09.2015
    08:21 17.09.2015

    ВКД ва КДАМ: амалиёти вижа алайҳи “генерали фирорӣ” анҷом ёфт

    Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо интишори як баёния расман хабари кушта шудани генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва ёрони ӯро тасдиқ карданд.

    19
  • Таҷдиди ахир: 17:30 16.09.2015
    17:30 16.09.2015

    Ҳукумати Восеъ: фармондеҳи “Алфа” дар Тугарак ба хок супурда мешавад

    Ба қавли мудири шӯъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Восеъ, ҳоло фаъолон ва раҳбарияти ин ноҳия мунтазири расидани ҷасади сарҳанги кушташудаи гуруҳи “Алфа” мебошанд, ки дар роҳ ба сӯи зодгоҳ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, ҷанозаи Рустам Амакиев дар зодгоҳаш – ҷамоати Тугарак ба хок супорида мешавад.

    20
  • Таҷдиди ахир: 08:00 14.09.2015
    08:00 14.09.2015

    ВКД: боздошти боз 3 ҷонибдори Ҳоҷӣ Ҳалим

    Мақомоти қудратӣ ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонанд, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд, ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

    4
  • Таҷдиди ахир: 17:03 11.09.2015
    17:03 11.09.2015

    Иттиҳоди Аврупо ҳамлаҳои 4 сентябр дар Тоҷикистонро маҳкум кард

    Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт дар суҳбати телефонӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаҳои хунини 4 сентябр дар кишварро маҳкум карда, ҳимояти ҷониби иттиҳод аз амалиёти ҳукуматро эълон кардааст.

    3
  • Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 12:32 11.09.2015
    12:32 11.09.2015

    ВКД: аҳолӣ 18 ҷонибдори генерал Назарзодаро дастгир кардааст

    Аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати алайҳи ин гурӯҳ, бо кӯмаки мардум 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ аз ин гурӯҳ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

    1
  • Таҷдиди ахир: 08:00 11.09.2015
    08:00 11.09.2015

    ВКД: боздошти боз 17 ҷонибдори генерал Назарзода

    Мақомоти қудратӣ мегӯянд, касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

    1
  • Таҷдиди ахир: 11:16 10.09.2015
    11:16 10.09.2015

    Коршинос: Ҳоҷӣ Ҳалим ва Эшони Ҷунайдуллоҳ аз ҷумлаи сулҳхоҳон буданд

    Бархе аз коршиносони масоли сиёсии тоҷик мегӯянд, Абдуҳалим Назаров - собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ва Ҷунайдуллоҳ Умаров – коменданти пешини низомии шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар “такшили гуруҳи террористӣ” ва “хиёнат ба Давлат” муттаҳаманд, нафароне мебошанд, ки аз имзои Созишномаи сулҳ бисёр гарм истиқбол кардаанд.

    19
  • Таҷдиди ахир: 16:36 08.09.2015
    16:36 08.09.2015

    ОМОН-и зиндамонда: ҳамаи қаҳрамонон мурданд...

    Сайёд Раҳимов, узви таъиноти махсуси ВКД ё худ ОМОН, ягона афсарест, ки дар ҳамлаи маҳалли гардиши фурудгоҳи Душанбе зинда мондааст. Ҳоло вай дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад, ки мо бо ӯ дар он ҷо сӯҳбат доштем.

    8
  • Таҷдиди ахир: 13:50 08.09.2015
    13:50 08.09.2015

    Манбаъ: Назарзода ҳамеша бо мухолифин буд

    Ҳаводиси рӯзҳои ахир – ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат, дӯздии силоҳ аз Вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ва амалиётҳои вижаи баъдӣ вокунишҳоеро дар ҷомеа ба бор овардааст

    11
  • Таҷдиди ахир: 12:01 08.09.2015
    12:01 08.09.2015

    Ифтитоҳи парвандаи “хиёнат” алайҳи Назарзода ва Умаров

    Исми ин полковники Вазорати дифоъ субҳи чаҳоруми сентябр баъд аз чанд лаҳзаи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат ба расонаҳо роҳ ёфт ва яке аз ҳамлаварон муаррифӣ шуд.

    17
  • Таҷдиди ахир: 11:20 08.09.2015
    11:20 08.09.2015

    Гуруҳи тафтишотӣ аз амволи ғайриқонунии Назарзода дарак дод

    Назарзода дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада гӯйё худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст.

    4
  • Таҷдиди ахир: 14:13 07.09.2015
    14:13 07.09.2015

    Бозтоби ҳолномаи Назарзода дар расонаҳо: аз “сникерсхӯр” то генерал

    Маҳорати пешбурди музокирот боис шуд, ки ӯ дар марҳалаи аввал фармондеҳони аз интисоби вай норозии мухолифинро ба худ моил ва ҳатто дӯст кунад. Ҳамин маҳорат буд, ки ба фарқ аз намояндагони дигари мухолифин, ки пушти ҳам ибтидо барканор ва ба дунбол ё зиндонӣ ё кушта шуданд, вай то зинаи муовини вазири дифоъ сабзид.

    17
  • Таҷдиди ахир: 09:37 07.09.2015
    09:37 07.09.2015

    ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

    Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) исрор дорад, ки ҳамлаҳо ба кормандони Вазорати умури дохилӣ ва сарбозон дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои эълони айб алайҳи собиқ қумандонҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифин тарҳрезӣ шудаанд.

    9
  • Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба иди саиди Фитр табрик кард
    Таҷдиди ахир: 08:48 07.09.2015
    08:48 07.09.2015

    Эмомалӣ Раҳмон: шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

    Ҳодисаи нохушу нангине низ, ки субҳи чоруми сентябр дар ҳудуди шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе сар зада, боиси ҳалокати 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ташвишу нигаронии мардуми кишварамон гардид, кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша мебошад, афзуд раисҷумҳур.

    6
  • Таҷдиди ахир: 08:00 07.09.2015
    08:00 07.09.2015

    ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар

    Дар пайи амалиёти ниҳодҳои қудратии кишвар дар дараи Ромит чор узви дигари гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат расида, 7 нафари дигар боздошт шудаанд. Амалиёти вижаи мақомот дар дара дараи Ромит идома дорад.

    5
  • Таҷдиди ахир: 16:46 04.09.2015
    16:46 04.09.2015

    Расонаҳо: дар пайи ҳамлаҳо ҳашт корманди милиса қурбон шудаанд

    Бино ба иттилоъи расонаҳо, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат 8 корманди пулис кушта шудаанд.

    19
  • Таҷдиди ахир: 11:19 04.09.2015
    11:19 04.09.2015

    Сокини Ваҳдат: садои тирпарронӣ ва таркишро шунидем

    ВКД хабар медиҳад, ки ҳуҷуми мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат бо сардории Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст

    10
  • Таҷдиди ахир: 10:08 04.09.2015
    10:08 04.09.2015

    ВАО: дар робита ба ҳодисаи субҳи 4 сентябр парванда боз шуд

    Баъд аз ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат, як ҳуҷуми дигар дар маҳаллаи гардиши фурудгоҳи Душанбе рух додааст, ки дар пайи он ду корманди ОМОН ва як нозири роҳ кушта шудааст

    6