09:33 25 феврали 2017
Пахши мустақим

Мавзӯъҳо

Мавзӯҳо

Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият

Бозиҳои олимпӣ 5 августи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия оғоз меёбанд. Тоҷикистонро дар олимпиада  ҳафт варзишгар муаррифӣ мекунанд. Sputnik Тоҷикистон хонанадгонро бо хабарҳои Рио-2016 шинос менамояд.

  • Шиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон
    Таҷдиди ахир: 10:24 12.08.2016
    10:24 12.08.2016

    Олим Қурбонов низ Бозиҳои олимпиро тарк мекунад

    Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи шиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон Қурбонов дар 25,77 сония ба марра расида бо ин нишондод мақоми 62-юмро соҳиб шуд.

    11
  • Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 10:15 11.08.2016
    10:15 11.08.2016

    Комроншоҳи Устопириён низ Бозиҳои олимпиро тарк мекунад

    Варзишгари тоҷик натавонист ба ҳарифи гурҷиаш Варлам Липартелиани дастболо шавад ва ба ин васила имконияти дохил шудан ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи олимпиро аз даст дод.

    29
  • Муштзани тоҷик Анвар Юнусов аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао дар бозиҳои олимпии Рио-2016 шикаст хӯрд
    Таҷдиди ахир: 10:21 10.08.2016
    10:21 10.08.2016

    Анвар Юнусов аз гирифтани медал дар олимпиада маҳрум шуд

    Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар даври дувуми интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 дар олимпиада дар шаҳри Рио-де-Жанейрои аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

    21
  • Ғолибияти Анвар Юнусов бар Ҷун Шан дар Бозиҳои олимпии Рио-2016
    Таҷдиди ахир: 10:13 08.08.2016
    10:13 08.08.2016

    Анвар Юнусов бар муштзани Чин бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд

    Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнeсов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

    12
  • Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 12:20 07.08.2016
    12:20 07.08.2016

    Муҳаммадмурод бо варзишгари Куба қувваозмоӣ мекунад

    Бар асоси қуръакашӣ, рақиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни беш аз 100 кг варзишгари Куба Алекс Гарсиа Мендоза мебошад.

    21
  • Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио
    Таҷдиди ахир: 12:05 06.08.2016
    12:05 06.08.2016

    Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро

    Оташи олимпиро варзишгари бразилӣ Вардерлей Кордейро фурӯзон кард. Маросими рангинро бетартибиҳо дар назди майдон тира карданд. Гурӯҳи одамон бар зидди хароҷоти зиёди давлат дар арафаи олимпиада норозигӣ баён намуданд.

    40
  • Муштзани тоҷик Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 10:00 06.08.2016
    10:00 06.08.2016

    Анвар Юнусов бо Ҷун Шан рақобат мекунад

    Бар асоси қуръакашӣ, рақиби муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро варзишгари Чин Ҷун Шан мебошад.

    17
  • Кристина Пронженко. Акс аз богйонӣ
    Таҷдиди ахир: 16:30 03.08.2016
    16:30 03.08.2016

    Кристина Пронженко – дар бораи дастовардҳо ва ҳаяҷони худ пеш аз олимпиада дар Рио

    Намояндаи варзиши сабук аз Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дар бозиҳои олимпӣ натиҷаҳои хуб ба даст орад, ба гуфти ӯ ин мавсими муҳимтарин дар таҷрибаи 16 соли фаъолияти варзишиаш мебошад.

    26
  • Деҳаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро
    Таҷдиди ахир: 12:56 02.08.2016
    12:56 02.08.2016

    Парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуд

    Дар баробари парчами Тоҷикистон ҳамчунин байрақҳои Булғористон, Ветнам ва Гренада низ дар маросими ботантана шаби рӯзи душанбе дар Деҳаи олимпии Рио-2016 барафрохта шуданд.

    51
  • Банери Бозиҳои олимпӣ дар Рио. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 19:00 28.07.2016
    19:00 28.07.2016

    300 ҳазор сомонӣ барои медали "тилло" дар Рио

    Ҳайтаи варзишгарони Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ ба Бразилия сафар карданд. Ҳамин тавр маълум гардид, ки ғолибони ин мусобиқаи муҳимтарини солро 300 ҳазор сомонӣ интизор аст.

    35
  • Дилшод Назаров. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 14:03 27.07.2016
    14:03 27.07.2016

    Парчамбардорони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ

    Имсол байрақбардори дастаи Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳои Олимпӣ дар Бразилия Дилшод Назаров хоҳад буд. Ба кадом варзишгар дар бозиҳои қаблӣ парчами кишвар боварӣ карда шуд.

    28
  • Маросими супоридани либосҳои олимпии Бразилия-2016 ба варзишграони тоҷик
    Таҷдиди ахир: 13:35 25.07.2016
    13:35 25.07.2016

    Пӯшидани либосҳои варзишии олимпӣ ва сафар ба Рио

    Рӯзҳои истироҳат варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Олимпии 2016 ба Бразилия, ки аз 5 август оғоз мегардад, сафар карданд. Қаблан дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ намоиши либоси ягонаи варзишгарон баргузор гардид.

    67
  • Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 12:08 23.07.2016
    12:08 23.07.2016

    Анвар Юнусов: ба Бразилия барои гирифтани медал меравам

    Муштзани тоҷик барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ омодагии ҷиддӣ дида дар як рӯз ду маротиба тамрин мекунад. Ӯ ҳамчунин бо шиноварӣ, давидан ва баромдан ба кӯҳ машғул мешавад.

    44
  • Омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро
    Таҷдиди ахир: 15:26 15.07.2016
    15:26 15.07.2016

    Як роҳхати дигари Тоҷикистон ба бозиҳио Рио-2016

    Варзишгари тоҷик Кристина Проженко дар риштаи варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр) барои иштирок дар бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳхат гирифт.

    75
  • Омодагии Рио-де -Жанейро ба Бозиҳои олимпӣ. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 14:17 14.07.2016
    14:17 14.07.2016

    Варзишгарони тоҷик ва Олимпиадаи Рио-2016

    Кумитаи миллии олимпӣ аз варзишгарони тоҷик интизори 10-12 иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 буд, аммо намояндагони Тоҷикистон танҳо панҷ литсензия ба даст оварданд.

    323
  • Шиноварӣ. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 12:49 03.07.2016
    12:49 03.07.2016

    Дар Олимпиадаи Бразилия ду намояндаи Тоҷикистон шино мекунанд

    Шиноварони тоҷик дар ин мавсим дар якқатор мусобиқаҳои литсензионӣ иштирок накарданд, вале ба Бозиҳои Рио-2016 бо шарафи ҷудо гардидани ду иҷозатнома ба кишварамон роҳ ёфтанд.

    18
  • Даврон Атабоев. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 16:28 24.06.2016
    16:28 24.06.2016

    Даврон Атабоев ба Бозиҳои Олимпӣ-2016 роҳ ёфт

    Даврон Атабоев варзишгари панҷуми тоҷик аст, ки бо иштирок дар мусобиқаи бонуфузи байналмиллалӣ роҳхат ба Олимпиада-2016-ро ба худ ихтисос дод.

    81
  • Бокс. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 10:42 24.06.2016
    10:42 24.06.2016

    Анвар Юнусов Тоҷикистонро дар Бразилия муаррифӣ мекунад

    Варзишгари тоҷик рақибони худ аз Литва, Покистон, Итолиё ва Туркия шикаст дода ба бозиҳои Олимпӣ роҳ ёфт. Ҳамчунин Шавкатҷон Раҳимов низ дар сурати гирифтани ҷои панҷум метавонад соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпӣ гардад.

    31
  • Муҳаммадмурод Абдураҳмонов. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 15:10 06.06.2016
    15:10 06.06.2016

    Муҳаммадмурод ба Бозиҳои Рио де Жанейро роҳ ёфт

    Паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио де Жанейро роҳхат гирифт.

    85
  • Дзюдо. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 17:00 12.05.2016
    17:00 12.05.2016

    Дзюдочиёни ҶТ: то ҳол бе медал, дар интизори Гран-при қабл аз Рио-2016

    Дар риштаи ҷудо (дзюдо)Тоҷикистон расман як роҳхат дорад, ки онро Комроншоҳи Устопириён ба даст оварда буд. Боз як варзишгари тоҷик метавонад иҷозатномаро аз рейтинги Осиёӣ соҳиб шавад. Ин иҷозатномаро ё Саидҷалол Саидов ё Муҳаммадмурод Абдураҳмонов хоҳад гирифт.

    16