17:07 21 ноябри 2017
Пахши мустақим
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Сел дар Дарвоз

Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст. Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд. Дар Тоҷикистон сокинони деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз зиён диданд.