ВКХ Украина Рӯзи Ғалаба дар Маскавро “тавҳин” номид

© Sputnik / Григорий Василенко / Гузариш ба медиабонкБинои ВКХ Украина. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКХ Украина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Украина муносиботаш ба кишварҳоеро, ки дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд, бознигарӣ менамояд.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ягон намояндаи Украина дар Паради Ғалабаи рӯзи 9-май дар Маскав ширкат нахоҳад кард, зеро "таҷлил аз Пирӯзӣ дар Русия тавҳин ба муқаддасот аст", иброз дошт масъули Вазорати умури хориҷаи Украина Евгений Перебийнис, менависад РИА Новости бо истинод ба УНИАН.

Сабаби ширкат наварзидан дар чорабиниҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизмро шарҳ дода, номбурда афзуд, Русия дар нисбати Украина таҷовузкорӣ (истилогарӣ) дорад. Аз ин рӯ, "таҷлили Рӯзи Ғалаба бо як чунин кишвар таҳвин ба муқаддасот аст, на чизи дигар",- гуфт Перебийнис.

Ӯ ҳамчунин афзуд, Украина муносиботаш ба кишварҳоеро, ки дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд, бознигарӣ менамояд. Аммо дар мавриди амалкарди баъдии Украина чизе нагуфт.

Лентаи хабарҳо
0