Тува – шарики нахустини Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ буд

© Sputnik / Георгий Зельма / Гузариш ба медиабонкСарбозон ҳангоми набард
Сарбозон ҳангоми набард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии мардумии Тува танҳо дар замони ҷанг, 17 августи соли 1944 ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Тобистони соли 1941 Тува кишвари мустақил буд. Дар моҳи августи соли 1921 аз он ҷо дастаҳои Колчак ва Унгерн ихроҷ шуданд.

Маъмулан чунин дониста мешавад, ки дар ин ҷанг Бритониё ба унвони нахсутин кишвар ба Иттиҳоди Шӯравӣ кӯмак кардааст, вале ин дуруст нест. Тува ба Олмон ва шариконаш 22 июни соли 1941, 11 соат қабл аз изҳороти таърихии Черчилл тавассути радио, ҷанг эълом кард. Дар Тува сареъан сафарбаркунии оммавӣ оғоз шуд ва ҷумҳурӣ омодагии худро барои эъзоми артиш ба набард эълом кард. 38 ҳазор нафар аратҳои Тува ба номае унвонии Иосиф Сталин изҳор доштанд: "Мо бо шумо ҳастем. Ин ҷанг ҷанги мо низ мебошад". Дар мавриди эълом ҷанги Тува алайҳи Олмон шоъеоте ҳаст, ки гӯиё вақте Ҳитлер дар ин бора огаҳ шуд, тамасхур кард ва ҳатто дар харита натавонист ин кишварро пайдо кунад. Афсӯс.

Дар солҳои ҷанг аз Тува ба набардгоҳ 5 қатори (389 вагон) тӯҳфаҳо ба маблағи 10 миллион рубл фиристода шуданд: се дастаи ҳавопаймоҳои низомӣ, тамоми захойири тилло ва миқдори истихроҷи он дар солҳои ҷанг, 50 ҳазор аспҳои ҷангӣ, 52 ҳазор ҷуфт лижаҳо, 10 ҳазор нимкафтанҳои зимистонӣ, 16 ҳазор ҷуфт пойафзоли зимистонӣ, беш аз 19 ҳазор ҷуфт дастпӯшҳои зимистонӣ, 67 тонна пашм, садҳо тонна гӯшт, рафғани зард, орд, нони хушкшуда, қаннодӣ, ангат ва анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ. Ба манотиқи озодшудаи Украина 27 ҳазор дона чорвои калони шохдор тақдим шуд. Чорвои худро ба артиш аратҳои Тува ройгон тақдим мекарданд.

Ба ғайр аз ин, созмонҳои содиротӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 700 ҳазор дона чорво додаанд. Маблағи умумии мардуми Тува ба артиш беш аз 19 миллион акша ё 66,5 миллион рубл шуд. Ҳар як хонавода ба сандуқи кӯмак ба артиш саҳм гузошт.

Тибқи иттилоъи коршиносони шӯравӣ, ки ба унвони мисол дар китоби "Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар солҳои 1941-1945" оварда шудааст, кӯмакҳои умумии Муғулистон ва Тува ба Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯйи ҳаҷм дар солҳои 1941-1945 ба 35% камтар аз кӯмакҳои кишварҳои шарики ғарбӣ будаанд, яъне аз ИМА, Канада, Бритониё, Австралия, Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ ва Зеландияи Нав дар маҷмӯъ.

Дар ҷумҳурӣ дар он солҳо омӯзиши ҳатмии низомии умумии аҳолии аз 16 то 50 сола сурат мегирифт ва таълимоти низомиву теъдоди сарбозони артиши налқӣ инқилобии Тува афзоиш меёфт. Дар рӯзҳои нахустини ҷанг аз номи 1079 шаҳрванди Тува аризаҳое ворид шуданд, ки мехостанд ихтиёри ба набард бираванд. 20 моҳи майи соли 1943 дар назди бинои Ҳукумати Тува дар шаҳри Қизил маросими расмии гусели нахустин ихтиёрони Тува ба ҷабҳа баргузор шуд.

Сарбозони Тува дар набардҳо барои Ватан ҷонбозиҳо кардаанд. Ҳангоми нобудсозии набардгоҳи Кишиневу Ясск танкчиён Донгак Уйнук-оол, Бай-Кара Биче-оол и Кыргыс Идам қаҳрамонона фавтиданд. Барои қаҳрамонӣ дар набард бо олмониҳои нозӣ ба Хомушку Намгаевич Чургуй-оол унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.

Эскадрони аспсавори Тува, ки дар амалиёти ҷузъи гвардиягии 6-уми бахши қафқозӣ дар ақибгоҳҳои олмониҳо аз моҳи декабри соли 1943 то моҳи апрели соли 1944 ширкат карданд, ҷасорати низомӣ нишон додаанд. Дар номаи раҳбарияти дивизияи 8-уми гврадиягӣ унвонии КМ Ҳизби халқӣ инқилобии Тува чунин хислатҳои сарбозони Тува ба монанди "ҷасорат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо, муҳаббати муқаддас ба Ватан ва нафрати беамон ба душманҳо" зикр шудаанд. Аз онҳо ба унвони "уқобҳои қуллаҳои Саян" ном мебурданд.

Дар набард дар урстои Деражно сарбоз Оюн Сенгии ҷасуртарин ва донотарин сарбоз нишон дод. Вай аз пулемёт ҳудуди 100 нафар олмониҳои нозиро нобуд кард ва аз дастаҳои аспсавори полки ҳамсояи 29 ҳимоят кард. Барои чунин ҷасорат ихтиёрии собиқ ба унвони нахустин сарбоз аз Тува бо ордени Нишони Сурхи Ҷангӣ сарфароз шуд.

Қаҳрамонии бесобиқаи панфиловчиёнро 11 нафар пулемётчиҳои тувагӣ зимни озодкунии рустои Сурмичи такрор карданд. Он замон нерӯҳои бештари мухолифон полки 31-уми дивизияи 8-уми қафқозӣ водор шуд, ки пас омада ҳифозатро оғоз кунад.

Дар солҳои ҷанг теъдоди зиёди занон низ ариза навишта хоҳиш доштанд, ки онҳоро ба унвони ихтиёриён ба ҷабҳа фиристанд. Дар суфуфи гурӯҳҳои ихтиёрони аспсавори тувагӣ онҳо якҷо бо артиши бисёрмиллати Шӯравӣ дар набардҳо барои озодкунии вилояти Ровени Украина ҷангидаанд. Барои шуҷоъат ва ҷасорат дар набардҳо Киргис Санаа, Ховалиг Бичен, Ооржак Байлак, Монгуш Амаа бо орденҳои дараҷаи 1 ҷанги Ватанӣ сарфароз шудаанд. Духтарҳои дигар бо нишонҳои "Барои ҷасорат" сарфароз шудаанд. Дар набардҳо бо олмониҳои нозӣ Киргис Санаа, Куулар Даря, Ховалиг Бичен, Ооржак Байлак, Монгуш Амаа ва Оюн Поля узви Ҳизби халқӣ инқилобии Тува шуданд. Хомушку Намгаевич Чургуй-оол, Тюлюш Кечил-оол (баъд аз марг) Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.

Сокинони Тува на танҳо ба ҷабҳа кӯмаки молӣ карда дар суфуфи дивизияҳои танкиву аспсавор меҷангиданд, балки ба Артиши Сурх сохтмони 10 ҷангандаи ЯК-7Б-ро таъмин карданд. 16 марти соли 1943 дар фурӯдгоҳи "Чкаловск"-и вилояти Москав ҳайъати Тува дар маросими расмӣ ин ҷангандаҳоро дар ихтиёри фармондеҳи дастаи 3 ҳавоиву ҳамлаӣ Новиков ва ҳайъатҳои халабонӣ қарор дод. Дар ҳар яке аз ин ҷангандаҳо бо ранги сафед "Аз халқи Тува" навишта шуда буд. Мутаъассифона, то охири ҷанг ҳеҷ яке аз ин ҷангандаҳои "дастаи тувагӣ" боқӣ намонданд. Аз 20 халабонҳои дастаи ҳавоии 133, ки савори ҷангандаҳои ЯК-7Б буданд танҳо се нафар то рӯзи Пирӯзӣ зинда монданд.

Мавод аз манобеъи дастрас таҳия шудааст.

Лентаи хабарҳо
0