02:09 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҳайати тоҷикистонӣ дар Ленингради муҳосирашуда

Саҳифагардонӣ: сержанти тоҷик дар фронт

Музей Совета ветеранов войны и труда г. Душанбе
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Сержант Раҷаб Мамадов

Сержант Раҷаб Мамадов дар муҳориба пухта шуда, дар сари синаи чапи ӯ ордени ҷангии Байрақи Сурх ҷило медиҳад.

Сержант бо ҷанговарони ҷавон сӯҳбат мекунад. Тақрибан ним километр дуртар аз истеҳкоме ки як гурӯҳ ҷанговарони мо истода буданд, душман хобидааст. Мамадов бо забони тоҷикӣ гап мезад. Тарҷумон гапҳои ӯро ба ӯзбекҳо, туркманҳо, арманиҳо ва русҳо ки дар атрофи ӯ нишаста буданд, тарҷума мекард. Вай банди милтиқро дошта, дар хусуси маҳорати мерганӣ ҳикоя мекард.

— Ту бисёр нағз гап мезанӣ, — гуфт ҷанговар Нурмуҳаммадов.  — Ба мо нағзакак фаҳмондӣ. Акнун нишон деҳ ки фритсҳоро чи навъ зада ба хок яксон кардан даркор аст.

Мамадов милтиқро бардошта, ӯро ба сӯрох тӯғрӣ кард. Дигарон ба сӯрохи танг нигоҳ мекарданд. Аз нишебии теппае, ки буттаҳо баромада буданд, истеҳкомҳои неметсҳоро равшан дидан мумкин буд. Сержант бо бесабрӣ интизор буд ва ҳамчун шикорчӣ сайди худро ба нишон мегирифт.

Дар он тараф ҳаракат базӯр дида мешуд. Дар назди окоп як фашист намоён шуд. Дар ҳамин лаҳза садои тир баромад. Неметс ба болои алаф ғелид.

— Ҷонаш баромад, — гуфт ҷанговар Погосян.

Вале ҷанговарон ҳамоно нигоҳ мекарданд. Онҳо ба ҷасади фритсе ки беҳаракат мехобид, бисёр вақт нигоҳ карданд. Аз лонаи душман дигар ҳеч кас берун баромада натавонист.

— Масъалааш ҳал шудааст, — гуфт, ниҳоят, Нурмуҳаммадов. — Ту нағз нишон додӣ. Акнун ман тариқи неметскуширо ёд гирифтам.

Бисёр ҷанговарон ва командирон санъати бо як тир ҷо ба ҷо куштани гитлерчиёнро омӯхтанд.

Дафтари снайперии Раҷаб Мамадов ҳуҷҷати тобоварии оҳанин ва шердилӣ мебошад. Дар муқобили ӯ "Марг ба истилогарони неметс!" гӯён навишта шудааст.

Сержанти тоҷик Раҷаб Мамадов
Sputnik
Сержанти тоҷик Раҷаб Мамадов

Дар дафтар сатрҳои кӯтоҳу равшан навишта шудаанд.

"3 июн. Сездаҳ соат Фритсро поидам. Дар баробари намоён шуданаш нест кардам.

18 июн. Дар вақти ба хӯрок баромадан се нафар неметсро куштам.

28 июн. Одамони як нуқтаи оташфишониро нобуд намудам.

2 июл. Дар соати 7 пагоҳӣ автоматчии неметсро ки барои ба самолиёти мо тирпаронӣ кардан аз окоп баромада буд, зада куштам.

5 июл. Неметси ба лаби ҷӯй омадаро нест кардам."

Снайпери моҳир дар ҳар гуна вазъият душманро маҳв менамояд, ба ӯ ҳеҷ гоҳ раҳму шафқат намекунад, барои хунҳои ҷоришудаи пирон, занон ва бачагони бегуноҳ қасос мегирад.

Командадиҳӣ ба хизматҳои дар назди ватан кардаи Раҷаб Мамадов баҳои сазовор дод. Бо фармони двизия ба ӯ ду бор ташаккур баён карда шуда, мукофоти пулӣ дода шуд. Мамадов ба гирифтани милтиқи снайперӣ ва соати номнавишта мушарраф гардид…

…Тирҳои ӯ боз аниқтар ба нишон расида, даррандаҳои дупоро қир кардан гирифтанд. Дар дафтари снайперии ӯ ҷои холии рӯйхати кушташудагон тамом шуд. Раҷаб ба дафтар боз якчанд коғаз часпонд.

Вақто ки ҷамъбаст карда шуд, маълум гардид, ки Мамадов 84 фашистро аз ҷон ҷудо кардааст, ки 16 нафари онҳо офитсерон мебошанд.

Дар фронт дар ҳаёти Раҷабов боз як воқиаи хеле муҳим рӯй дод. Вай дар моҳи апрели ҳамин сол ба кандидатии партия қабул карда шуд.

Сержант Мамадов ҳоло дар Сталинобод мебошад. Вай ба ин ҷо ба курси махсус омадааст. Ҷои зоидашудаи ӯ сарзамини тоҷик аст. Вай барои дидани наздикони худ ба колхози "Коминтерн", райони Қизилмазор меравад. Вай дар рӯзҳои даҳшатноки ҷанги ватанӣ чигуна кор кардани онҳоро бо чашми худ диданӣ.

— Дар ин ҷо бисёр намеистам, — мегӯяд Мамадов. — Ба зудӣ ба фронт меравам. Охирин фритсро аз хоки советӣ зада пеш мекунему баъд аз фронт бармегардем. Мехоҳам ба ҳамқишлоқиҳоям, ба тамоми халқи тоҷик орзуҳои худро баён созам. Дар ақибгоҳ ҳамин хел меҳнат кардан даркор, чи тавре падару бародарони шумо дар фронт қаҳрамонона меҷанганд. Аз онҳо ибрат гиред. Онҳо барои бахту саодати ватан ҷонӣ худро нисор карда истодаанд. Дар хотир доред, ки ҳар як пуд ғалла, ҳар як килограмм пахта низ ҳамон зарбае ба душман мебошад, ки ин зарба соати тамоман зада торумор гардонда шудани фашистонро наздиктар мекунад.

АЛМАЗОВ (ТоҷикТА). ("Комсомоли Тоҷикистон"). Августи соли 1942

Хабари Комсомоли Тоҷикистон дар бораи фиристодани тӯҳфаҳо ба фронт
Sputnik
Хабари "Комсомоли Тоҷикистон" дар бораи фиристодани тӯҳфаҳо ба фронт

   

Барчаспҳо:
ақибгоҳ, тоҷик, қадрдонӣ, тӯҳфа, милтиқ, снайпер, сержант, торумор, душман, фашист, фронт, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Раҷаб Мамадов, Қизилмазор, СССР

Мавзӯъҳои асосӣ