Хабарнигорон фармонҳои махфии Сталин ва номаҳои де Голлро мебинанд

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкПарчамҳо дар назди ситгоҳи метрои "Белорусская".
Парчамҳо дар назди ситгоҳи метрои Белорусская. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабарнигороне, ки дар маркази байналмиллалии матбӯъотии 9 май дар Москав номнавис мешаванд, метавонанд аснодеро бубинанд, ки қаблан махфӣ буд.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Ба хабарнигороне, ки барои бозтоби Ҷашни Пирӯзӣ номнавис шудаанд, барои шиносоӣ асноди нодир аз китобхонаи Раиси ҷумҳурро пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сухангӯйи дафтари раёсати ҷумҳурии ФР Виктор Хреков.

Вай хабар дод, ки дар миёни ин аснод, аз ҷумла, номаҳои Шарл де Голл ҳастанд, ки соли 1941 симмати раиси комитети миллии Фаронсаи озодро бар ӯҳда дошт.

"Дар миёни ин аснод ҳуҷҷатҳои нодире ҳастанд, нусхаҳои электронии онҳо дар пайи ҳамкориҳои китобхона бо бойгониҳо ва осорхонаҳо дастраси умум шуданд", — таъкид кард Хреков.

Сухангӯй зикр кард, ки дар миёни ин аснод ҳуҷҷатҳое низ ҳастанд, ки қаблан мӯҳри "махфӣ" дошт.

"Қабл аз ҳама ин дастурҳои фармондеҳи кулл Иосиф Сталин ва аксҳое мебошанд, ки бозгӯйи "ҳақиқати паноҳгоҳҳо, роҳи пурпечутоб ба Пирӯзии бузург ҳастанд", — изофа кард Хреков.

Ин аснод, таъкид кард раҳбари маркази матбӯъотӣ, дар сомонаи нахустин китобхонаи электронӣ дастрас мебошад.

Лентаи хабарҳо
0