01:42 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Швейтсариҳо ба довталабони “Евровидение” овоз медиҳанд, ки яке аз онҳо тоҷик аст

Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0
© официальная страница З. Таджибаевой в YouTube

Дар Швейтсария овоздиҳии миллӣ ба муддаиёни озмуни “Евровидение- 2015” оғоз гардидааст ва миёни довталабон Заррина Тоҷибоева, як тоҷики муқими он кишвар низ бо таронаи “We fly” мебошад, менависад сомонаи расмии овозхон.

Душанбе, 4 ноя — Радиф, Тоҷикистон Маҳпора Киромова. Озмуни 60-умини "Евровидение" соли оянда дар Австрия баргузор мешавад, зеро соли гузашта намояндаи он кишвар — овозхон Томас Нойвирт бо симои зани мӯйлабдор барандаи сабқати қаблӣ гардида буд.    

 "Ман тоҷикам, дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ба воя расидаам. Ҳамсари ман аз Швейтсария аст ва мо аз Олмон чанде пеш ба ватани ӯ кӯч бастем. Ман мактаби актёрии Сюрихро дар соли 2012 хатм карда, дар ҳунаристони вокалии ин ҷо ҳунари овозхониро аз бар кардам… Оҳангсоз Рена Гали ба ман гуфт: "Биё, дар озмуни "Евровидение" ширкат кун, ман бароят оҳанг менависам". Ман ҳам розӣ шудам. Ана, ҳамааш ҳамин аст…",- иброз доштааст Заррина  дар мусоҳиба бо оҷонсии иттилоотии  "Азия- Плюс".

Овоздиҳӣ рӯзи 3-юми ноябр шурӯъ гардида, то 17-уми ноябри соли 2014 идома мекунад, менависад сомонаи расмии озмуни "Евровидение". Ҳар як корбари интернет ҳуқуқи ироаи 4 овозро дорад.
"Овоздиҳӣ оғоз гардид! Лутфан, ба ҷонибдории ман овоз бидиҳед",- омадааст дар саҳифаи инфиродии Заррина Тоҷибоева.

Интизор меравад,  ду марҳилаи нимниҳоӣ ва даври ниҳоии озмуни "Евровидение- 2015"  дар пойтахти Австрия рӯзҳои 12, 14 ва 16-уми майи соли оянда баргузор шаванд.

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ