00:17 18 августи 2017
Пахши мустақим
Видео

Моҳии бузурги дарёӣ (окун) наҳангро фурӯ бурд

Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0
Youtube

Дар яке аз минтақаҳои соҳилӣ дар аёлоти Флоридаи ИМА моҳигирон навори ҷолибе гирифтанд. Дар пеши чашми онҳо моҳии бузурги дарёӣ (окун) наҳангеро фурӯ бурд. Дар навор дида мешавад, ки одамон аз об наҳанги дарозиаш беш аз як метрро берун меоранд.

Тасвири мазкур бо он таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, ки моҳигирон аз об наҳанги дарозиаш  4 фут (беш аз як метр)- ро берун мекашанд. Дар ҳамин ҳол, моҳии бузург (окун) аз об берун меояд ва наҳангро фурӯ мебарад.

Коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист ва навъҳои нодири моҳӣ аснои сӯҳбат бо ABC News гуфт, окун (групер) — навъи моҳии дарранда буда, вазни он ба 360 килограмм ва дарозиаш ба 2,5 метр мерасад. Ин моҳиён дар чуқурии беш аз се метр ва жарфтар аз он ба "шикор"-и сайд баромада метавонанд. Ғизои окунҳо аз харчанг, сангпуштҳои баҳрӣ, ҳаштпо ва соири мавҷудоти зериобӣ иборат аст. Гуфтанист, групперҳо дар аксари ҳолат мавриди шикори моҳигирон қарор мегиранд, аз ин рӯ сайд кардани онҳо дар аёлати Флорида манъ гардидааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ