02:06 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Қатори тӯлонии ноиби райисҷумҳури ИМА дар Киев

Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0
© Youtube AiFUkraine

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, қатори (кортеҷи) муовини райисҷумҳури Амрикоро дар Киев даҳҳо нақлиёт ҳамроҳӣ мекард, ҳаракат дар ҷодаҳо низ қатъ гардида буд.

Аснои боздиди Ҷозеф Байден ва ҳамсари ӯ аз Киев ҳаракати нақлиёти рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қатъ гардид, иттилоъ медиҳад Русское агентство новостей.

Оқои Байден шоми 20-уми ноябр вориди Киев гардида буд.

"Виталий Кличко, мири шаҳри Киев ва Борис Ложкин, роҳбари дастгоҳи президенти Украина дар фурудгоҳи Бориспол меҳмононро пешвоз гирифтанд. Ҳар куҷо ва ба ҳар самте, ки кортеҷи ноиби райисҷумҳури Амрико ҳаракат мекард, милиса истода буд, ҳаракати нақлиёт низ масдуд гардид. Ҳамзамон, дар метрополитени Киев чанд стансия муваққатан аз фаъолият бозмонд". 

Барчаспҳо:
Ложкин, Кличко, Бориспол, қатор, кортеҷ, Ҷозеф Байден, Киев

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ