02:07 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Беназмӣ дар Балтимор: мошинҳои сӯхта ва гвардияи миллӣ дар хиёбонҳои шаҳр

Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0
© RUPTLY.

Беназмиҳои оммавӣ баъд аз дафни афроамрикоии Фреди Грей, ки ба ҳангоми боздошти пулис ҷони худро аз даст дод, дар Балтимор бо фарорасии вақти коммендантӣ идома ёфтанд.

Тазоҳуркунандагон дар яке аз хиёбонҳои марказии Балтимор алорағми вақти коммендантӣ, ки соати 22 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд, ҷамъ омаданд.

Тақрибан баъд аз ним соати оғози вақти коммендантӣ пулис ба самти тазоҳуркунандагон норинҷакҳои дудкунанда партоб карданд ва тазоҳуркунандагон фикр карданд, ки ин гози ашкрез аст ва пароканда шуданд. Ҳамчунин пулис ба миқдори маҳдуд аз гази қаламфурӣ алайҳи тазоҳуркунандагон истифода карданд, ки ба маҳалли таҷаммуъи пулис наздик мешуданд.

Ба иттилоъи мақомот, дар Балтимор ва атрофи он ҳудуди 10 ҳазор нафар маъмурони пулис ва низомиёни гвардияи миллӣ ҷамъ карда шудаанд.

Вазъият дар ин шаҳри амрикоӣ баъд аз он ки дар авосити моҳи апрел Грейи 25 сола боздошт ва дертар дар бемористон фавтид, муташанниҷ гашт. Тахрибкориҳо рӯзи душанбе оғоз шуданд. Дар шаҳр макотиб ва бархе аз мағозаҳо масдуд шуда аз соати даҳи шом вақти коммендатӣ роҳандозӣ шуд. 

Барчаспҳо:
беназмиҳо, Балтимор, ИМА

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ