02:05 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Наҷотёбии ҳайратовар дар Непал: марде зери харобаҳо 80 соат буд

Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0
© RUPTLY.

Наҷотдиҳандагон дар Непал тавонистанд аз зери харобазорҳо марди зиндамондаро берун оваранд: вай зери харобаҳои бинои бисёртабақа 80 соат қарор дошт.

Ба иттилоъи хабаргузории Рейтер, наҷотдиҳандагон ин мардро аз зери харобаҳои бинои ҳафттабақа дар пойтахти Непал, шаҳри Катманду берун оварданд. Ин Риши Кханали 28 сола аст. Ҳангоми зилзила ин мард дар табақаи дуввуми бино қарор доштааст. Наҷотдиҳандагон барои расидан ба ин мард ва берун овардани вай панҷ соат масраф карданд. Тибқи ташхиси муқаддамотӣ почаи вай шикастааст.

Тибқи иттилоъи ахир, теъдоди қурбониёни ин зилзила аз 5 ҳазор нафар гузаштааст ва ҳудуди 10 ҳазор нафар осеб дидаанд.

Зилзилаи бо шиддати 7,9 дараҷа субҳи рӯзи шанбе дар Непал рух дод. Зилзила соати 06.11 бо вақти UTC (09.11 бо вақти Москав) сурат гирифта ва баъд аз он чанд зилзилаи такрорӣ рух дод. Маркази зилзилаи аввалӣ дар 82 километрии шимолу ғарби Қатманду воқеъ буд. Маркази зилзила дар умқи 15 километрӣ будааст. Рӯзи якшанбе Непалро чанд зилзилаи такрорӣ фаро гирифт, ки шиддати сахттаринаш 6,7 дараҷа буд.

 

Мавзуъ

Пойтахти Непал то ва баъд аз зилзила. Навор аз ҳавопаймои бе сарнишин
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Непал ба Русия интиқол шуданд
18 нафар шаҳрванди Тоҷикистон интизори берун шудан аз Непал ҳастанд
ВКХ ҶТ: мавзӯъи ихроҷи атбои тоҷик аз Непал ҳалл мешавад
Зилзилаи фоҷиъабор дар Непал
Теъдоди қурбониёни зилзила дар Непал ба 3218 нафар расид

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ