Навори нахустини садама дар Хабаровск, ки дар он 16 нафар фавтиданд

Обуна шудан
Маъмурони ВҲФ ва таҷҳизоти вижа авоқиби садама дар кишвари Хабаровскро рафъ мекунанд, ки дар он ҷо ду автобус ба ҳам бархӯрданд. Дастикам 16 нафар кушта ва 56 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Таҷҳизоти зарурӣ барои рафъи авоқиби садамаи нақлиётӣ дар кишвари Хабаровск кофист ва вазъ таҳти назорат қарор дорад, зикр кард рӯзи чаҳоршанбе мудири Маркази мудирият дар ҳолатҳои фавқуллодаи Маркази бахши Шарқи Дури ВҲФ Виталий Дарчия.

Дар маҷмӯъ дар умури наҷот беш аз 190 нафар ва 35 адад васоили фаннӣ ширкат мекунанд, ки 135 нафари онҳо ва 16 адад васоили фаннӣ ва ду чархбол моли ВҲФ Русия мебошанд", — гуфт Виталий Дарчия.

Раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин ба раиси ҳукумат Дмитрий Медведев дастур дод, ки раванди ироъаи кӯмакҳо ба хонаводаҳои фавтидагон ва осебдидагон дар ин садамаро назорат кунад.

Лентаи хабарҳо
0