Музокироти вазъи Донбасс: изҳороти Меркел, Олланд ва Порошенко

Обуна шудан
Ин ҷаласаи гурӯҳи Тамом бидуни ширкати ҷониби Русия баргузор шудааст.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд мавзӯъи интихобот дар Донбасс ва созгор будани онҳо ба муқаррароти САҲА-ро бо раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко баррасӣ карданд. Дар ин бора онҳо дар нишасти матбуъотии муштарак дар пайи музокирот изҳор доштанд.

Дар назди дафтари садри аъзами Олмон, ки дар он ҷо ин музокирот сурат мегирифт, даҳҳо афроди мухолифи ҷанг дар Донбасс гирдиҳам омада буданд. Вақте онҳо диданд, ки ба бино раиси ҷумҳур Порошенко ворид мешавад, ҷамъомадагон садо баланд карданд: "Қотил!". Гирдиҳамомадагон парчамҳои Русия, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин ҷамоҳири худмухтори Донетск ва Луганскро алвонҷ медоданд.
Ин иқдом ба ибтикори гурӯҳи «Модарон зидди ҷанг» ва Ҳизби коммунисти Олмон баргузор шуд.

Интихобот ба мақомоти маҳаллӣ дар Украина, ки моҳи октябр баргузор мешаванд, бояд тибқи муқаррароти САҲА сурат бигиранд, изҳор дошт Ангела Меркел дар нишасти матбуъотӣ. "Ман ин мавзӯъро калидӣ медонам ва дертар мо ин мавзӯъро ба таври ҷузъӣ баррасӣ мекунем", — афзуд садри аъзами Олмон.

Аврупо ба бозтоби воқеъии ҳаводис дар Украина шубҳа дорад

Меркел зикр кард, ки гурӯҳи сеҷонибаи Тамос сохтори аслӣ барои музокироти ҳалли қазия дар Украина мебошад.

Франсуа Олланд гуфт, ки зимни баргузории интихобот бояд тавофуқоти Минск ва қавонини Украинаро бо дарназардошти манрофеъи қонунии манотиқи шарқии кишвар муровот шаванд.

Дар навбати худ Петр Порошенко зикр кард, ки баргузории интихобот дар Донбасс дар таърихи 18 октябр ва якуми ноябр ба қавонини Украина мухолифат дорад.

Рӯзи душанбе дар Берлин музокироти миёни садри аъзами Олмон Ангела Меркел, раиси ҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ва раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко баргузор шуданд. Дар пайи онҳо Меркел изҳор дошт, ки раҳбарони се кишвар дар пойтахти Олмон «барои пуштибонӣ аз «Минск-2" ҷамъ омадаанд, на барои зери суол гузоштани он" ва таъкид кард, ки тавофуқоти Минск "пойдевори ҳалли мусолиҳатомез дар Украина боқӣ мемонанд".

Лентаи хабарҳо
0