05:44 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Видео

Дар Брюссел дари манзили гумонбарони теракти Порис мехкорӣ шуд

Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0
© RUPTLY.

Мақомоти амниятӣ ва қудратии Белгия дару тирезаи бинои рақами 47 дар кӯчаи Делануаи Брюсселро бо тахта ва таҷҳизоти дигар махкам карданд. Ба иттилоъи пулис, дар ин хона гумонбарон дар силсилатаркиш ва ҳаводиси Порис бародарон- Иброҳим ва Салоҳ Абдусалом ба сар мебурданд.

Мақомоти Белгия ҷустуҷӯи Салоҳ Абдусалом, гумонбари аслиро дар силсилатаркиш ва амалиётҳои терористӣ дар Порис шиддат мебахшад. Ба гуфти хадамот, номбурда бо "Давлати исломӣ" иртибот доштааст.

Аснои амалиёт дар болои боми хонаҳо тирандозҳо камин гирифта буданд ва мақомот убуру мурурро дар минтақа назорат мекард.

Рӯзи шанбе дар маҳалли муҳоҷирнишини Моленбек, дар пойтахти Белгия бародари Салоҳ- Муҳаммад боздошт шуд, бародари дигари онҳо Иброҳим худашро дар булвари Волтер дар Порис мунфаҷир кард.

Шаби 13 ба 14 ноябри соли равон дар умум дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса таркишу тирпарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.

Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

 

 

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ