00:33 22 январи 2017
Пахши мустақим
Видео

Имомуддин Сатторов тоҷикони Русия ва ҳамватанонро бо истиқлолият табрик кард

Гирифтани линки кӯтоҳ
1810
(0:36 / 3.79Mb / просмотров видео: 15)
© Sputnik

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тоҷикони Русия ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро табрик кард.

Ҷашни бузургтарини тамоми мардуми Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-сентябр ҷашн гирифта мешавад, наздик шуда истодааст. 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тоҷикони тамоми дунё бо тантанаи махсус қайд менамоянд.

Имомуддин Сатторов сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар мусоҳиба бо Sputnik шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик карда ба  ҳар яки ҳамватанон ва хонадони тоҷик бахту саодат, пирӯзӣ, сарбаландию сарфарозиро таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олӣ қарор "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бароварда шуд. Шӯруъ аз он давра ҳамасола ин санаи бузург чун-рӯзи истиқлолияти давлатии ҶТ ҷашн гирифта мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ