12:28 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Сафари нахустин қатораи босуръаттарин дар ҷаҳон

Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0
© RUPTLY.

Қатораи мусофиркаши босуръаттарини ҷаҳон дар Чин байни шаҳрҳои Чженчжоу ва Сюйчжоу кушода шуд. Сафари аввалини қатораро дар навори мо тамошо кунед.

Рӯзи душанбе босуръаттарин қатораи ҷаҳон аз истгоҳи Сиани вилояти Шэнси ба ҷониби шимоли Чин ба сафар баромад. Навбатдори қатора ба мусофирон хабар дод, ки бори нахуст дар таърихи 5000-солаи Чин шаҳрҳои Чжэнчжоу ва Сюйчжоу тариқи қатораи босуръат пайваст шуданд. Суръати қатора 400 километр дар як соат буда, акнун масофаи байни ин ду шаҳр танҳо 80 дақиқаро ташкил медиҳад. (Қаблан 2 соату 33 дақиқа).

Дарозии роҳи қатораи баландсуръат айни змон 20 ҳазор километрро ташкил дода, тибқи нақшаи ҳукумат он то соли 2020 ба 30 ҳазор км ва то соли 2025 ба 38 ҳазор км расонида хоҳад шуд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ