Путин 64-сола мешавад: беҳтарин наворҳо бо иштироки президенти ФР Владимир Путин

Обуна шудан
Президенти ФР Владимир Путин ҳамасола санаи 7-уми октябр мавлуди хешро ҷашн мекунад. Роҳбари давлати Русия имсол 64-сола мешавад.

Имсол Владимир Путин дар ҳалқаи наздикон ва дӯстон рӯзи мавлудашро ҷашн мегирад, нақл кард ба рӯзноманигорон котиби матбуоти президенти ФР Владимир Путин.

Путин дар санаи 7-уми октябр ягон чорабинии расмӣ ба нақша нагирифтааст. Аммо президент якчанд сӯҳбатҳои тефонӣ баргузор мекунад.

Соли гузашта Владимир Путин дар рӯзи мавлудаш бо вазири мудофиа Сергей Шайбу во хӯрд ва дар мусобиқаи хоккей дар шаҳри Сочи иштирок намуд.

Боз як сол пештар президент тайи солони зиёд бори аввал дар рӯзи мавлудаш истироҳатӣ гирифт ва ба бешаи Сибир равон гашт. Дар он ҷо дар садҳо километр аз минтақаи аҳолиниш дур,  дар сатҳи кӯҳӣ- 9 км пиёда роҳ гашт.

Ба президент ба муносибати ҷашни мавлудаш туҳфаҳои гуногун ва аҷоиб ба монанди палангчаи усурӣ ва намунаи кулоҳи Манамах ҳадя намудаанд.

Ба гуфтаи Песков, ҳар дафъа қисми зиёди тӯҳфаҳои тақдимгашта ба китобхонаи президент равон мешаванд, қисми дигари тӯҳфаҳои дӯстону наздиконашро Путин нигаҳ медорад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0