12:29 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Видео

Баромади намояндагони Тоҷикистон дар озмуни "Мусиқии шарқӣ"

Гирифтани линки кӯтоҳ
12901
© Sputnik

Дар шаҳри Маскав санаи 29-октябри соли равон дар хонаи фарҳанги “Стимул” консерт-озмуни “Мусиқии шарқӣ” баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар озмун сарояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Доғистон, Арманистон, Русия, Туркманистон, Ҳиндустон, Узбакистон ва дигар миллатҳо санъати худро пешкаши доварон ва тамошобинон гардониданд.

"Мақсади асосӣ аз баргузории косерт-озмун, ин тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона байни миллатҳои гуногун ва ташкили фазои сулҳу осоишта мебошад",-гуфт Хуршеда Ҳамроқулова роҳбари маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ва яке аз доварони озмун дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Тоҷикистонро дар озмуни байналмиллалӣ Шаҳло Каримова ва дар бахши ғайриозмун Баҳром Ҷумахонов намояндагӣ карданд.

Ҷойи аввалро намояндаи Русия-Валерия Струкова ба даст овард. Ӯ ду сурудро бо забони доғистонӣ пешкаши тамошобинон намуд. Мақоми дуюм насиби намояндаи Доғистон-Ҷамила Залова гардид. Ҷойи сеюм бошад ба ду нафар Амирхон-намояндаи Ҳиндустон ва иштирокчии кӯчактарини консерт Ҷамила Каримова дода шуд.

Ҳамаи иштирокчиёни озмун бошад, бо дипломҳои махсус ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ