11:39 27 марти 2017
Пахши мустақим
Видео

Аввалин суханронии Доналд Трамп ба сифати президенти тозаинтихоби ИМА

Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)
5601
(1:59 / 12.63Mb / просмотров видео: 1360)
© RUPTLY.

Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп дар коргоҳи худ дар шаҳри Ню Йорк баромад кард, ки он аввалин суханронии вай пас аз ба мақоми президентии Амрико интихоб шуданаш буд. Трапм аз шаҳрвандони ҷамъомада барои дастгирии онҳо миннатдорӣ намуд ва қайд кард, ки ӯ президенти тамоми Амрико аст.

Ҳоло барои Амрико вақти он расидааст, ки куллан муттаҳид гардад, мегӯяд Доналд Трапм ҳангоми баромади хеш дар назди тарафдоронаш. "Ба ҳамаи ҷумҳурихоҳон, демократон ва мардуми мустақил мегӯям, ки вақти он расидааст, ки муттаҳид шавем  ва як халқро ташкил кунем".

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки манфиатҳои Амрикоро аз ҳама боло хоҳад гузошт ва баробари ин,  бо тамоми ҷаҳон ва бо тамоми миллатҳо аз рӯи адолат рафтор хоҳад кард.

Интихоботи президентӣ санаи 8-уми ноябр дар низоми дудараҷагӣ баргузор шуд. Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳон бо гирифтани овозҳои зиёд дар штатҳои калон пешсаф гардид. Мувофиқи маълумоти ВАО вай 278 овози интихобкунандагонро ба даст овардааст, Ҳоллирӣ Клинтон бошад- 218 овоз.

Мавзуҳо:
Интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10)

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ