04:24 25 майи 2017
Пахши мустақим
Видео

ФСБ тоҷикеро дастгир кард, ки мехост дар Маскав амали террористӣ ба амал орад

Гирифтани линки кӯтоҳ
20010
(1:04 / 6.71Mb / просмотров видео: 1476)
ФСБ РФ

Пештар рӯзи шанбе хабар дода шуд, ки ХФБ якҷоя бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 10 нафар террористонро дастгир намуданд, ки мехостанд аз истифодаи автомат ва маводи тарканда дар ҷойҳои ҷамъиятии Маскав ва Санкт- Петербург таркиш ба амал оранд.

Рӯзи шанбеи гузашта Хадамоти федералии бехатарии (ХФБ) Русия якҷоя бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 10 террористро дастгир намуданд, ки онҳо дар ҷойҳои ҷамиятии Маскав  ва Санкт- Петербург мехостанд бо истифодаи силоҳ ва моддаҳои тарканда теракт ташкил кунанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. ХФБ сабти видеоиро дарёфт намуд, ки дар он як нафар шаҳрванди Тоҷкистон иқрор шудааст, ки мехоҳад дар Маскав амалиёти террористӣ ба амал орад.

Пештар рӯзи шанбе хабар дода шуд, ки ХФБ якҷоя бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 10 нафар террористонро дастгир намуданд, ки мехостанд аз истифодаи автомат ва маводи тарканда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Маскав ва Санкт- Петербург таркиш ба амал оранд. Аз террористон 4 бомбаҳои худсохт, силлоҳҳои оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва таҷҳозоти алоқа дарёт карданд.

"Амалиёти террористӣ"- ҷавоб медиҳад шаҳрванди Тоҷикистон ба саволи он, ки дар Маскав чӣ амалро мехост  ба анҷом расонад.

Гумонбаршаванда ҳамчунин хабар медиҳад, ки бародараш ҳоло дар Сурия қарор дорад. Ба саволи он, ки вай дар он ҷо чӣ кор мекунад, дастгиршуда ҷавоб дод, ки "ҷиҳод".

Дар видеои дуввум дигар гумонбаршаванда сабт гардидааст, ки вайро дар ҷои истиқоматиаш дастгир намудаанд. Дар зери кати хобе, ки вай менишаст, се автомат ва як таппонча ёфт гардид. ХФБ ҳамчунин сабти дастгиршавии боевиконро дар ҳуҷраи онҳо дар Санк- Петербург ба намоиш гузоштааст: аз сабт чунин бармеояд, ки мутухассисон дарро шикаста, ба хона ворид шудаанд. Дар хона ҳафт нафар гумонбарон- террористон буданд. Кормандони оперативӣ ҳамчунин дар ҳуҷра таппонча, норинҷак, маводи тарканда, автомат ва таҷҳизоти алоқаро дарёфт карданд.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ