Сабти видеоии боздошти гумонбарони ифротгароӣ дар шаҳру вилоятҳои Маскав

Обуна шудан
Кормандони ФСБ, ВКД ва ҷангиёни Гвардияи Русия барои дастгир кардани 20 нафар гумонбар амалиёти калон ташкил карданд. Гӯрӯҳи шаҳвандоне, ки дар Маскав ва вилорятҳои назди он дастгир гаштанд, асосан шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мераванд

Ҳангоми гузаронидани амалиёт дар шаҳр ва вилояти назди Маскав қувваҳои амниятии Русия 20 нафарро бо гумони даст доштан ба ифротгароӣ дастгир намуданд. Қисми зиёди дастгиршудагон шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мераванд.

Гумонбаршудагон ҳангоми дастгиршавӣ ба кормандони амният муқовимат нишон надоданд. Ҷангиёни қувваҳои махсуси Русия вақти ба ҳуҷра ворид шудан,  ба ду мард фармон медиҳанд, ки ба фарш хоб раванд ва мепурсанд, ки оё силоҳ доранд — ҷавоби рад мегиранд. Ғайр аз мардон дар хона зани ҳоҷобпӯш ва бозиҳои кӯдакона буданд. Ҳафт нафар дастгиршудаи дигар дар кӯчаи Шелковское шоссе 85, корпуси 4 зиндагӣ мекарданд. Чуноне ки маълум гардид ҳамаи онҳо дар як ҳуҷра зиндагӣ карда, дар рӯйи фарш бо андохтани як курпача хоб мекарданд. Баъд аз тафтиш намудани ҳуҷҷатҳои онҳо, кормандони қувваҳои амниятӣ онҳоро низ мебаранд.

Маротибаи сеюм қувваҳои амниятӣ ба ҳуҷрае мераванд, ки дар он ба ғайр аз мардон, занон низ зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз ин хона адабиёти зиёди динӣ дарёфт намуданд.

Лентаи хабарҳо
0