08:48 22 январи 2017
Пахши мустақим
Видео

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муовини сарвазири Узбакистон

Гирифтани линки кӯтоҳ
11410
© Youtube Пресс-служба президента РТ

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов баргузор гардид

Президенти Тоҷикистон нахуст намояндагони воломақоми Узбакистон бо баргузориии бомувафаққияти интихоботи презиентӣ табрик кард.

"Шавкат Мирзиёев-интихоби арзандаи халқи Узбакистон аст. Муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба манфиати ду кишвар рушд хоҳанд кард",-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба қавли роҳбари ҶТ ҳамкорӣ  бо Узбакистон-яке аз самтҳои муҳимтарин муносбатҳои хориҷии кишвари мо аст.

Дар ҷавоб Азимов изҳор дошт, ки вохӯрии шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро баҳои баланд медиҳад.

"Гамртарин салом Шавкат Мирзиёевро ба шумо мерасонам",-қайд кард муовини нахуствазири Узбакистон.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Узбакистон иштироки шахсии Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими гуселодинани собиқ президенти Узбакистон Ислом Каримов ба роҳи охират, баланд баҳогузорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 27-28-уми декабр ҳайати воломақоми Узбакистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири кишвар Рустам Азимов ба Душанбе омад.

Барчаспҳо:
вохӯрӣ, Рустам Азимов, Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ