04:55 23 июни 2017
Пахши мустақим
Видео

Ҳазорҳо эрониён ба хотири президенти марҳум- Рафсанҷонӣ ба кучаҳо баромаданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
7110
(0:47 / 4.93Mb / просмотров видео: 2015)
© RUPTLY.

Баъд аз расидани хабари марги собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафснаҷонӣ ҳазорон сокинони Теҳрон ба кӯчаҳо баромаданд

Барои гиромидошти хотираи Рафсанҷонӣ, шумораи зиёди шаҳрвандони Эрон ба кӯчаҳои Теҳрон баромада, дар даст аксҳои собиқ президент гиря мекарданд. Якчанд ҳазор нафари дигар беморхонаеро, ки дар он ҷо сиёсатмадор вафот кард, иҳота карданд. Як вақт ҳатто одамон роҳҳои мошингарди Теҳронро бастанд.

Рӯзи якшанбе собиқ президенти Эрон пас аз сактаи қалб ба беморхона бистарӣ карда шуд, ки дар он ҷо дертар дар синни 83-солагӣ вафот кард.

Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар тӯли солҳои 1989-1997 президенти Эрон ба ҳисоб мерафт.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ