15:30 24 июни 2017
Пахши мустақим
Видео

Навори бетартибиҳои эътирозгарон дар Батуми

Гирифтани линки кӯтоҳ
4101
(0:54 / 6.20Mb / просмотров видео: 2882)

Шоми рӯзи шанбе дар шаҳри Батуми тазоҳурот ба амал омад. Сабаби ба эътироз баромадани мардум ҷарима кардани яке аз сокинони маҳаллӣ аз ҷониби корманди БДА-и Гурҷистон шудааст

Чуноне мушоҳидони ҳол мегӯянд, корманди милиса ҳамчунин зимни тафтиши ҳуҷҷатҳо нисбати ронанда суханони қабеҳ гуфтааст.

Эътирозгарон шоми рӯзи шанбе дар назди бинои Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ шуда, мошинҳои дар назди бино бударо чаппа карда ба дохили бино маводҳои тарканда партофтанд.

То субҳи рӯзи якшанбе тартибот дар қаламрави шаҳр барқарор карда шуд. Дар рафти баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯии кормандони ВКД 40 нафар эътирозгарон дастгир гардиданд.

Барчаспҳо:
40 нафар боздошт шуд, эътирозгарон, бетартибиҳо, ВКД, Батуми, Гурҷистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ