13:02 17 августи 2017
Пахши мустақим
Видео

Расул Боқиев Наврӯзро ба ҳаммеҳанон ва тоҷикони Русия табрик гуфт

Гирифтани линки кӯтоҳ
5811
© Sputnik /

Куштигири номдори тоҷик Расул Боқиев фаро расидани Наврӯзро ба ҳаммеҳанон ва тоҷикони Русия табрик гуфт ва барояшон соли хуш ва комёбиҳо орзӯ кард

Расул Боқиев, яке аз машҳуртарин куштигирони тоҷик, ки акнун дар Русия мактаби варзишии худро ифтитоҳ кардааст, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон фаро расидани Наврӯзро ба кулли ҳаммеҳанон ва бавижа тоҷикони Русия, табрику муборакбод намуд.
Ҷашни Наврӯз, ки аз дер боз ҷашни миллии тоҷикон аст, акнун яке аз ҷашнҳои расмии Тоҷикистон низ шуда ва тоҷикон онро дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон бо шукӯҳ пешвоз мегиранд.
Sputnik Тоҷикистон паёми наврӯзии Расул Боқиевро пешкаши ҳаммеҳанон мекунад.

Ҷудокори номдори тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Вай ҳамчунин дар соли 2007 дар Рио-де-Женейро соҳиби медоли биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо гардида, дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 қаҳрамони куштии ҷаҳон шудааст. Ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев соли 2009 ҳамчунин қаҳрамони куштии ҷудои Русия низ шуд.

Барчаспҳо:
Наврӯз, табрикот, Расул Боқиев, Тоҷикистон-Русия, Маскав

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ