15:22 23 июни 2017
Пахши мустақим
Видео

Омодагии донишҷӯи тоҷик барои бунёди сирк дар Қурғонтеппа

Гирифтани линки кӯтоҳ
4212
(2:22 / 16.86Mb / )
© Sputnik Anton Devyatkin

Ширинкори тоҷик, ки дар Ҳунаркадаи сирки Михаил Румянтсев дар Маскав таҳсил мекунад, қасд дорад дар зодгоҳаш - шаҳри Қӯрғонтеппа сирк бунёд кунаду нахустин ширинкоре шавад, ки Тоҷикистонро дар ҷашнвораи ҷаҳонии сирк дар Монте-Карло муаррифӣ менамояд

Салим Муъминов соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар хонаводаи ошпазҳо ба дунё омадааст. Ӯ дабистонро дар маркази вилояти Хатлон хатм кардаву сипас дар Донишгоҳи ҳунарии Буйдоқов дар шаҳри Душанбе коргардонии барномаҳои фарҳангиро омӯхтааст.

Сипас ду сол дар Қӯрғонтеппа дар соҳаи театр фаъолият кардааст. Аловуддин Абдуллоевро дар ин ҷода устоди худ мешуморад. Ҳамакнун ҳунарҷӯи соли севуми Ҳунаркадаи сирки Маскав аст.

Сирк дар Қӯрғонтеппа

"Нақша дорам пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳам барашта дар шаҳри Қӯрғонтеппа сирк бунёд кунам. Ва бо ин роҳ ҳунари ширинкориро дар кишвар рушд диҳаму барои мардуму Меҳанам хидмат кунам".

Вале Салим худ намехоҳад дар оянда раҳбари сирки Қӯрғонтеппа бошад, чун муътақид аст, ки барои ҳар як ҳунарпеша бояд ҷавобгар бошад.

Барои Салим ва дигар ҷавонони тоҷик дар таҳсилашон муваффақият орзу дорем.

Мавзуъ

Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам
Барчаспҳо:
Салим Муъминов, Русия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ