22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Видео

Дидори Э. Раҳмон бо вазирони умури дохила ва суханронии Колоколтсев

Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0
© Sputnik

Рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе нишасти Шурои вазирони умури дохилаи кишварҳои мустақили ҳамсуд баргузор шуд

Вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки барои ширкат дар нишаст ба шаҳри Душанбе омадаанд, рӯзи 28 июн бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор карданд.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии кишвардори Тоҷикистон, дар ин дидор масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳамкориҳои сохторҳои интизомии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсуд дар мубориза бо ҳаросафканӣ, тундравӣ, табаҳкориҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирӣ аз пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ шуданд.

Дар ин мулоқот таъкид шуд, ки сохторҳои интизомии кишварҳои ҳамсуд бояд ҳамкориҳои дастаҷамъонаашонро барои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳон густариш диҳанд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ